16.9 C
Dushanbe

Таъсиси урдугоҳи паноҳҷӯён дар Хатлон

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин урдугоҳе барои паноҳҷӯёни Афғонистон сохта мешавад. Ин урдугоҳ бо кумаки молии Иттиҳоди Аврупо дар Хирманҷои ноҳияи мазкур, ки дар марзи Афғонистон ҷойгир аст бунёд мегардад.

Радиои Озодӣ аз қавли манбаъаш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хабар дод, ки дар мавзеи Хирманҷо ва боз ду макони дигар сохтани урдугоҳ дар назар аст.

“Сафири Иттиҳоди Аврупо аз мавзе, ки урдугоҳ бояд сохта шавад, дидан хоҳад кард. Пас аз ин сафар сохтани урдугоҳ дақиқ хоҳад шуд. Ҳоло ду-се мавзеъ дар ноҳияи мо мушаххас шудааст”,-гуфт манбаъ ба Озодӣ аз ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.

Чанде пеш шуморе аз муҳоҷирони афғон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз бархурди дурушти мақомоти тоҷик шикоят карда, гуфта буданд, ки онҳоро марзбонони тоҷик ба як минтақае бурда гузоштаанд, ки на оби ошомиданӣ доранд ва на ноне барои хӯрдан.

Ин дар ҳолест, ки 14 сентябр Иттиҳоди Аврупо хабар дод, ки ба ҳукумати Тоҷикистон барои кумак ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ 160 ҳазор евро ҷудо кардааст.

Дар иттилоияи Иттиҳоди Аврупо омада, ки дар вилояти Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон то 5 ҳазор гурезаи афғонистонӣ паноҳ бурдаанд. Ва эҳтимол меравад ин урдугоҳҳо дар ин ду вилоят сохта шаванд.

То расидани кумакҳои Иттиҳоди Аврупо мақомоти тоҷик омодаи пазириши паноҳандагон набуданд ва ҳатто  қисме аз онҳоро пас аз вуруд дигарбора ба Афғонистон фиристада буданд. Гурӯҳе аз нерӯҳои давлатии Афғонистон, ки моҳҳои июн ва июл ба марзи Тоҷикистон ақибнишинӣ карда буданд, пас аз муддати кӯтоҳе ба Кобул бозпас фиристода шуданд.

Дар аввалҳои моҳи июн мақомоти тоҷик иддао карда буданд, ки то 100 ҳазор паноҳҷӯи афғонро дар Тоҷикистон пазируфта метавонанд, аммо ҳангоми паноҳ овардани афғонҳо 80 нафар бо шумули занҳо ва кӯдакон ба кишвар роҳ дода нашуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.