25.9 C
Dushanbe

Дар Ворух чӣ гузашт?

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муноқишаи 24-уми июл миёни сокинони ҷамоати деҳоти Ворух ва кирғизҳоро шарҳ дод. 

Бино ба иттилои ин ниҳод, 24-уми июли соли ҷорӣ соати 17:30 қатори мошинҳои сокинони Ворух барои гузаронидани туй ба тарафи Исфара ҳаракат доштаанд, ки дар даромадгоҳи деҳаи Оқсойи Бодканд як сокини маҳаллӣ ба ҳаракати ин корвон монеа эҷод мекунад.

Дар наздикии даромадгоҳи деҳаи “Оқсой” қатори мошинҳо аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, сокини Ҷамоати деҳоти Оқсойи кишвари ҳамсоя, ки дар ҳолати мастӣ мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, рақами қайди давлатиаш 134 ACJ 03 KG — ро идора мекард, бо баҳонаи он ки гӯё яке аз мошинҳои туёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кардааст, роҳи ҳаракати мошинҳоро мебандад” – омадааст дар изҳороти Нерӯҳои марзбонӣ. 

Сипас ин шаҳрванди Қирғизистон аз мошинаш фаромада, ба тарафи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сангандозӣ кардааст, ки дар натиҷа қисмҳои гуногуни 3 мошин шикаста, 4 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҷароҳат бардоштаанд.

Нерӯҳои марзбонӣ мегӯяд, баъди ба макони ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид доир гардид ва ҳоло вазъият дар сарҳад муътадил аст. 

Имрӯз расонаҳои қирғизӣ низ дар истинод ба мақомоти маҳаллӣ навиштанд, ки ҳоло вазъ дар марз ором аст ва мақомоти ду кишвар сабаби сар задани муноқишаи дирӯзаро тафтиш доранд. 

Дар ҳамин ҳол сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон шикоят кардаанд, ки низомиёни қирғиз ва сокинони деҳаи Оқсой ягона роҳ ба самти Ворухро, ки аз миёни деҳаи Оқсой мегузарад, аз нимарӯзи 24 июл то соати 9-и шаб баста буданд. Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфтааст, ки низомиёни қирғиз дар роҳ истодаанд ва сокинон ба самти мошинҳои Тоҷикистон санг партофтанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон 980 километр марзҳои муштарак доранд. Ба сабаби тақсимоти ноодилонаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба иҷора додани заминҳои Тоҷикистон ба Қирғизистон, инак бо гузашти беш аз 30 соли истиқлоли ин кишварҳо аз ИШ ҳамоно натавонистаанд марзҳои худро муайян ва аломатгузорӣ кунанд. Ба хотири аломатгузорӣ нашудани марзҳо то имрӯз борҳо танишҳои сиёсӣ ва ҳатто задухурди низомӣ байни ин ду ҳамсоя сар задааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Халиқ Бонк Тоҷикистон” ба “Актив Бонк” табдили ном кард

Бонки миллии Тоҷикистон ба "Актив Бонк" барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.

Таркиш: Беш аз 300 кушта ва захмӣ дар Қарбоғи Кӯҳӣ

Бар асари як таркиш дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ зиёда аз 300 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон бо нашри "изҳороти матбуотӣ"-и муштарак аз баргузории ҷаласаи як ҳафтаинаи мақомоти ду кишвар хабар доданд.

Пулиси нозири роҳ ронандаро зад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда, ки дида мешавад,...