Дар вилояти Кемеровои Федератсияи Русия барои муҳоҷирон кор дар 43 соҳа манъ шуд.
Гуфта мешавад, қарори мазкурро губернатори ин минтақа Иля Середюк 10-уми марти соли ҷорӣ имзо карда, тибқи он ҷалби шаҳрвандони хориҷие, ки бо патент кор мекунанд, ба кор дар ширкатҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Кузбасс фаъолият доранд, манъ карда мешавад.
Мувофиқи ин қарор дигар муҳоҷирон дар соҳаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва доруҳои тиббӣ, савдои автомобилҳои сабукрав ва боркаш, истеҳсоли сӯзишвории моеъ, истихроҷи маъдан, хидматрасонии нигоҳубини тиббӣ ва дигар намудҳои фаъолияти иқтисодӣ кор карда наметавонанд.
Гуфта мешавад, ин маҳдудият дар ҳудуди вилояти Кемерово дар давоми соли 2026 амалӣ мешавад.
Пештар дар вилояти мазкур барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо патент кор мекунанд, аллакай кор дар 24 соҳа, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ба мисли мактабҳо ва кӯдакистонҳо, дар баъзе самтҳои соҳаи тандурустӣ, инчунин дар бахши ҳамлу нақли мусофирон манъ шуда буд.
Бояд гуфт, солҳои охир вазъияти муҳоҷирони корӣ дар Русия бадтар шуда, ин гуна маҳдудиятҳое, ки дар Кемерово ҷорӣ шуд, аллакай дар чанд минтақаи дигари Русия ҷорӣ шудаанд ё дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.
