13.9 C
Dushanbe

Дар Язгулом ду нафар кушта шуда, чор нафари дигар фирор кардааст

Чанд тан аз аъзои гурӯҳҳои ғайридавлатии мусаллаҳ аз ҷониби Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, бо нерӯҳои марзбонии кишвар даргир шуданд.

Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон имрӯз, 26-уми апрел аз “нобудсозии” ду нафар “аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ” ва идомаи ҷустуҷӯи ҳаммаслакони онҳо хабар дод. Аммо дар иттилоияи ин ниҳод гуфта нашудааст, ки ин афрод аъзои кадом ташкилот мебошанд. 

“Субҳи 26 апрели соли равон 2 аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ғайриқонунӣ убур намуд”, — омадааст дар иттилоияи КДАМ. 

Ин ниҳод хабар медиҳад, ки “дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд”. 

Инчунин КДАМ аз мусодираи “2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ”, ки ба кушташудагон тааллуқ доштааст, хабар дод. 

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи хабарии Бомдод дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки шаби 25 ба 26 апрели соли 2023 дар қаламрави ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти муштараки зиддитеррористӣ ба зидди аъзои як гурӯҳи силоҳбадаст, ки аз қаламрави Афғонистон вориди ин минтақаи Тоҷикистон шудаанд, шурӯъ шуда, дар ҷараёни ин амалиёт 2 нафари онҳо кушта шуда, 4 тани дигар фирор кардаанд.

Бино ба иттилои манобеи “Бомдод” пинҳонгоҳи онҳо дар як дара дар тарафи деҳаи Мотравн ҷойгир буда, мақомот аз онҷо парчами сиёҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро пайдо кардааст ва ҷангҷӯён ҳам саропо мусаллаҳ буда, дар тан либоси камуфляжи рангаш сиёҳ ва дар пешониашон латтаҳое бо навиштаи “Ансоруллоҳ” доштаанд.

Гуфта мешавад, дар ин амалиёт чанд тан аз нерӯҳои мазбонии кишвар низ кушта шудааст, вале ин хабар то ҳол аз манобеи расмӣ тасдиқи худро наёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин Azda.tv дар истинод ба манобеаш хабар дода буд, ки дар охирин рӯзи Рамазон чанд нафар аз ҷангҷӯёни тоҷики муқими Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шудаанд ва мақомот амалиёти ҷустуҷӯиро бар иловаи ВМКБ дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳам оғоз карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.