37.9 C
Dushanbe

Даргириҳо байни мардум ва нерӯҳои амниятӣ дар Зоҳидон

Имрӯз, 3-уми марти соли 2023 дар шаҳри Зоҳидони Эрон баъд аз адои намози ҷумъа намозгузорон ба кӯчаҳо баромада, алайҳи ҳукумати ин кишвар шиорпартоӣ карданд.

Дар наворҳое, ки имрӯз ба шабкаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, байни муътаризон ва нерӯҳи амниятии Эрон дар Зоҳидон задухӯрд сурат гирифтааст.

Хабаргузории BBC бо такя ба манобеи маҳаллӣ гузорииш дод, ки пас аз намози ҷумъа нерӯҳои амниятӣ дар хиёбонҳои Маданӣ, Розӣ ва Хайёми Зоҳидон дар наздикии масҷиди Маккӣ бо муътаризон даргир шуданд.

Ҳатто аз бархе наворҳо шунида мешавад, ки маъмурони амниятӣ ба дохили саҳни масҷиди Маккии Зоҳидон гази ашковар шиллик кардаанд.  

Пас аз эътирозҳои моҳи сентябр дар ин шаҳр, ки беш аз 100 нафар тавассути нерӯҳои амниятӣ кушта шуд, ҳар рӯзи ҷумъа муътаризон бо шиорҳои “бародари шаҳиди ман хунатро пас мегирам” ва ё шиорҳои дигар алайҳи ҳукумати ин кишвар ба кӯчаҳо баромада, аз ҳукумат талаб доранд, ки омилони қатли муътаризон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...