26.9 C
Dushanbe

Даргузашти Чилахон Холов

Чилахон Холов, сарояндаи шинохтаи Тоҷикистон, ки аксар вақт сурудҳои халқиро замзама мекард, пас аз бемориҳои тӯлонӣ вафот кард.

Акс аз саҳфаи фейсбукии марҳум Чилахон Холов

Чилахон Холов, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, ки чанд моҳи ахир дар бистари беморӣ қарор дошт, дирӯз, 7-уми феврали соли 2023 дар синни 66-солагӣ вафот кард.

Ба қавли пайвандонаш, маросими намози ҷанозаи Чилахон Холов, имрӯз, 8-уми феврали соли ҷорӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт баргузор шуд.

Чилахон Холов чанд соли ахир аз беморӣ ранҷ мебурд ва соле пеш як амалиёти ҷарроҳии гурдаашро ҳам анҷом дода буданд. Бо ин вуҷуд, вай яке аз сермаҳсултарин ҳунармандони кишвар буд.

Чилахон Холов,

Акс аз саҳфаи фейсбукии марҳум Чилахон Холов

Гуфта мешавад, Чилахон Холов, дорандаи унвони “Ҳунарманди шоисатаи Тоҷикистон” аст. Ӯ зодаи Кангурти минтақаи Кӯлоб аст, ки худро яке аз пайравони Карими Шиш медонист. Вай бисёратар таронаҳои халқӣ месароид ва бо ҳамин сурудаҳояш зиёдтар дар байни мардум мухлис пайдо карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хуршед Фозилов барои 7 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик Хуршед Фозиловро барои 7 сол равонаи зиндон кард.

Мақомоти Русия шаҳрвандони тоҷикро бо ваъдаи пул ба ҷанг даъват мекунанд

Муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия мегӯянд, мақомоти ин кишвар бо роҳҳои гуногун барои онҳо даъватнома фиристода, бо ваъдаҳои зиёди пулӣ онҳоро барои ҷанг ба Украина ҷалб мекунанд.

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.