Акс: ИнтернетҲамсари Лоиқ Шералӣ, Зебуниссо Қутбиддинова субҳи имрӯз, 22 сентябр дар синни 71 солагӣ аз олам даргузашт. Ин маълумотро субҳи имрӯз Диловар Шералӣ дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод.
Ба гуфтаи наздиконаш чанд моҳи охир бемор ва як маротиба инсултҳам гузаронда, шифо ёта буд. Ромиш Шералӣ мегӯяд, хурсандии онҳо дер давом накарда, боз фишори модараш боло рафтааст, марҳумро ба Шифохонаи Сино овардаанд ва ин субҳ аз дунё даргузашт.
Зебуннисо Қутбиддинова соли 1949 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, соли 1966 пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1967 бо Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон хонадор мешавад. Муаллима то охири умраш дар мактаби рақами 54-и ба номи Лоиқ Шералии пойтахт ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёт ва раҳбари осорхонаи Лоиқ Шералӣ, ки дар ҳамон мактаб ҷойгир буд, кору фаъолият кардааст.
