Даргузашти Нур Табаров дар Тоҷикистон

Нависандаи шинохта ва собиқ ва вазири фарҳанги Тоҷикистон Нур Табаров дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Дирӯз, 14-уми августи соли 2022 Нур Табаров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон, журналист ва яке аз нависандаҳои шинохтаи кишвар дар синни 81-солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот кард.

Бино ба иттилои хабаргузории “Азияплюс“, “Нур Табар (Нурмуҳаммад Табаров) 15 июли соли 1941 дар деҳаи Ғешии ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ба дунё омадааст. Соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, соли 1970 шуъбаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии Маскавро ба итмом расондааст.

Нур Табар муаллифи беш аз понздаҳ маҷмуаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳост. Аз соли 1960 ба эҷоди бадеӣ шуғл варзида, осори мансуру драмавии ӯ дар маҷмӯаҳои «Роҳҳои дуру наздик» (1977), «Ин баҳор чӣ меорад?» (1983), «Дарёи нур» (ҳамроҳи Раҷаб Мардон; (1985), «Дар чорсӯ» (1986), «Чорсӯ» (2000) ва ғайра дастраси хонандагон гардидаанд.”

Нур Табаров пеш аз он ки ҳамчун коммунисти сарсахт ва як нависанда ном барорад, вай як журналисти шинохта ҳам буд, ки ба гуфти ҳолдонҳо авҷи фаъолиятҳои кории ӯ дар соҳаи журанлистика дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” сабт шудаанд.

Вай дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон, “Навиди Бозаргон”, ва ҳамчун сармуҳаррири маҷаллаи “Помир” кор кардааст ва дорандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар Тоҷикистон буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.