16.9 C
Dushanbe

Даргузашти Нур Табаров дар Тоҷикистон

Нависандаи шинохта ва собиқ ва вазири фарҳанги Тоҷикистон Нур Табаров дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Дирӯз, 14-уми августи соли 2022 Нур Табаров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон, журналист ва яке аз нависандаҳои шинохтаи кишвар дар синни 81-солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот кард.

Бино ба иттилои хабаргузории “Азияплюс, “Нур Табар (Нурмуҳаммад Табаров) 15 июли соли 1941 дар деҳаи Ғешии ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ба дунё омадааст. Соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, соли 1970 шуъбаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии Маскавро ба итмом расондааст.

Нур Табар муаллифи беш аз понздаҳ маҷмуаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳост. Аз соли 1960 ба эҷоди бадеӣ шуғл варзида, осори мансуру драмавии ӯ дар маҷмӯаҳои «Роҳҳои дуру наздик» (1977), «Ин баҳор чӣ меорад?» (1983), «Дарёи нур» (ҳамроҳи Раҷаб Мардон; (1985), «Дар чорсӯ» (1986), «Чорсӯ» (2000) ва ғайра дастраси хонандагон гардидаанд.”

Нур Табаров пеш аз он ки ҳамчун коммунисти сарсахт ва як нависанда ном барорад, вай як журналисти шинохта ҳам буд, ки ба гуфти ҳолдонҳо авҷи фаъолиятҳои кории ӯ дар соҳаи журанлистика дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” сабт шудаанд.

Вай дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон, “Навиди Бозаргон”, ва ҳамчун сармуҳаррири маҷаллаи “Помир” кор кардааст ва дорандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар Тоҷикистон буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.