Бино ба иттилои расонаҳои давлатӣ, шаби якшанбе, 18-уми январ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон даргирии мусаллаҳона сурат гирифт.
Мақомоти амниятӣ ва сарҳадбонии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ чаҳор нафар аъзои гурӯҳи террористӣ, ки қасди убури ғайриқонунии сарҳади давлатии кишварро аз самти Афғонистон доштанд, безарар гардонда шуданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳодиса шаби 18 январи соли 2026, тахминан соати 00:30, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №7 “Хирманҷо”-и Отряди сарҳадии “Ёл”, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, ки чор узви ташкилоти террористӣ аз ҳудуди деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон сарҳади давлатиро убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд. Дар пайи чорабиниҳои фаврии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ макони ҷойгиршавии онҳо муайян гардида, ҳангоми рад кардани даъвати сарҳадбонон барои таслим шудан ва нишон додани муқовимати мусаллаҳона, онҳо нобуд карда шуданд.
Гуфта мешавад, аз ҷойи ҳодиса 3 автомати Калашников, 1 таппончаи навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 тир, 3 телефони мобилӣ, 1 ратсия ва 1 қаиқ мусодира шудааст.
Дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаҳои 179 (терроризм), 335 (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатӣ) ва 195 (ғайриқонунӣ муомилот бо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мақомоти марзбонии КДАМ таъкид мекунад, ки вазъият дар сарҳади давлатӣ пурра таҳти назорат қарор дошта, мақомоти марбута минбаъд низ барои таъмини амнияти кишвар аз тамоми қувваю воситаҳои қонунӣ истифода хоҳанд кард.
Дар як моҳи ахир ин бори дувум аст, ки аз ҷониби шахсони мусаллаҳ кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон сурат мегирад. Мақомот қаблан низ аз хатарҳои афзояндаи террористӣ аз самти Афғонистон ҳушдор дода буданд.
Бояд зикр кард, ки аз оғози моҳи декабр то имрӯз, аз қаламрави Афғонистон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз се ҳамлаи мусаллаҳона анҷом дода шудааст, ки дар натиҷа даҳ нафар шаҳрвандони Чин кушта ва иддае захмӣ гардиданд. Ба иттилои манбаъҳо, қисме аз қурбонинё дар ширкатҳои истихроҷи тилло дар минтақаи Шӯрободи собиқ кор мекарданд ва қисми дигар дар лоиҳаҳои роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз машғул ба кор буданд.
