Ҷалолиддини Маҳмуд, яке аз мақомдорони аршад ва собиқадорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар зиндони шаҳри Ваҳдат шаби 12-уми августи соли ҷорӣ дар 63-солагӣ аз олам даргузашт.
Мақомоти зиндони мазкур рӯзи якшанбе, 13-уми август ба хонаводааш занг зада онҳоро аз даргузашти ӯ огоҳ кардаанд. Марҳумро худи ҳамон рӯз дар зодгоҳаш, шаҳри Ҳисор дафн карданд.
Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи чанд созмони мухолифони тоҷик дар хориҷ аз кишвар зимни нашри изҳороте марги Ҷалолиддин Маҳмудро ба “муносибати зиддиинсонӣ”-и мақомоти зиндонҳои кишвар марбут донист.
“Шӯрои ПМТ бар ин бовар аст, ки даргузашти мазлумонаи Ҷалолиддини Маҳмуд баёнгари муносибати ғайриқонунӣ ва зиддиинсонии ҳукумат нисбати зиндониёни сиёсӣ мебошад.”, омадааст дар изҳороти ПМТ.
Паймони миллии Тоҷикистон дубора маҳкум шудани Ҷалолиддини Маҳмудро “бо баҳонаи кӯмак ба зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳояшон далели дигари амалҳои барномарезишудаи мақомот барои фишор болои зиндониёни сиёсӣ” донистааст.
Исломҷон Саидов, масъули Дастгоҳи иҷроияи Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 14-уми август дар суҳбат ба Azda tv гуфт: “Ин ки ПМТ сабаби марги Ҷалолиддин Маҳмудро аз муносибати зиддиинсонии мақомоти зиндон донистааст, аз таҷриба аст. Ин бори аввал нест, ки чунин ҳодиса рух медиҳад. Кушторҳои бидуни додгоҳӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон кам нашудааст. Ва мо шоҳид ҳастем, ки дар зиндони Хуҷанд, дар роҳ ба Душанбе, дар зиндони Ваҳдат ва ҳодисаҳои зиёди дигаре ҳаст, ки ин нуктаро тақвият медиҳад.“
Саидов ҳамчунин дар идома афзуд, ки “дигарбора зиндонӣ шудани Ҷалолиддини Маҳмуд худ баёнгари муносибати зиддииинсонии мақомот аст, ки бо ҳар навъ фишор болои чеҳраҳои сиёсӣ мехоҳанд, ки ҳам садои онҳоро хомӯш кунанд ва ҳам худи онҳоро то метавонанд аз байн бибаранд.“
Ӯ ҳамчунин дар идома афзуд, ки ПМТ қасд дорад қазияи зиндониёни сиёсиро ба гуши ҷомеаи ҷаҳонӣ бирасонад.
Ҳамзамон рӯзи душанбе Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки “Ҷалолиддини Маҳмуд бори аввале, ки зиндонӣ шуда буд ва ҳатто вақте озод шуд, аз ҳеч беморие ранҷ намебурд. Аммо бори дуюм вақте зиндонаш карданд, аз фишори зиёди мақомот ва шароити номусоиди инсонӣ дар зиндон ба баъзе бемориҳо мубтало гашт.“
Ба гуфтаи ӯ, Ҷалолиддини Маҳмуд ба эҳтимоли зиёд зери фишори мақомот ҷон бохтааст на аз беморӣ.
Бобоев ҳамчунин афзуд, ки кумитаи онҳо барои расонидани хабари шиканҷа шудани зиндониёни сиёсӣ ва мушкилоти онҳо дар дохили зиндонҳои Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳо муроҷиат карданд, вале касе чорае нандешид.
Ёдовар мешавем, ки Ҷалолиддини Маҳмуд узви Раёсати олии ҲНИТ бори аввал моҳи феврали соли 2015, замоне ки узви Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсӣ буд, бо иттиҳоми “нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ” боздошт гардида ва ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ соли 2019 10 моҳ мондан ба охири муҳлати ҷазо аз зиндон раҳо шуд. Вале пас аз чанд моҳи озодӣ моҳи августи соли 2020 дигарбора бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо мухолифони дар пайгард қарордошта” боздошт ва ба 6,5 сол маҳкум шуд.
Ҷалолиддини Маҳмуд дар мақомҳои гуногуни дохили ҳизбӣ, аз ҷумла муовини раиси ҲНИТ, раиси бахши ҳизб дар навоҳии тобеи марказ ва дигар масъулиятҳо кор кардааст. Ӯ инчунин берун аз ҳизб, аз ҷумла ҳамраиси Комисияи назорат бар оташбаси миллӣ, узви Комиссияи оштии миллӣ ва инчунин узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон кор кардааст.
Ӯро дӯстонаш рӯҳонии огоҳ аз улуми динӣ, фақеҳи барҷастаи исломӣ медонанд. Ба гуфтаи Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви Раёсати олии ҲНИТ, Ҷалолиддини Маҳмуд “дар баробари доштани донишҳои фаровон ҳам соҳиби раъй ва ҳам ҷуръати баён кардани онро дошт.”