20.9 C
Dushanbe

Дархости Фаластин барои боздошти як вазири Исроил

Вазорати корҳои хориҷии Фаластин аз Додгоҳи Ҷиноии Байналмилалӣ хост ҳукми боздошти вазири молияи Исроил Безалел Смотричро содир кунад.

Имрӯз панҷшанбе, 8-уми август Вазорати корҳои хориҷии Фаластин бо нашри изҳороте дар баробари дархости боздошти вазири молияи Исроил аз Додгоҳи Ҷиноии Байналмилалӣ, ҳамчунин аз ҳама кишварҳои дунё талаб кард, ки аз вуруди ӯ ба хоки худ пешгирӣ кунанд.

Ин ниҳоди фаластинӣ дар изҳороташ мегӯяд, боздошти Смотричро ба хотири изҳороташ, ки гуфт, “бо роҳи гурусна нигоҳ доштан 2 миллион аҳолии Ғазза бояд кушта шаванд”, дархост кардааст. Ба гуфтаи ВКХ Фаластин, изҳороти вазири исроилӣ “баёнгари эътирофи ошкор аз сиёсати наслкушӣ ва ифтихор аз он аст.”

ВКХ Фаластин мегӯяд, изҳороти вазири исроилӣ баёнгари нақзи сареҳ ва поймол кардани тамоми қонунҳои байналмилалӣ дар мавриди ҳуқуқҳои асосии инсонӣ буда, инчунин беарзиш нишон додани ин қавонини байналмилалӣ, ки ҳимояти аҳолии осоишта ва таъмини иҳтиёҷоти зарурӣ ва инсонии онҳоро ҳатмӣ мешуморад, мебошад.

5-уми августи соли ҷорӣ вазири молияи Исроил Безалел Смотрич зимни нишасте гуфт, ки “Моро касе намегузорад 2 миллион аҳолии Ғаззаро аз гуруснагӣ бикушем, агар асирони мо онҷо намешуданд, куштани аҳолии Ғазза айни адолат буд.”

Пас аз ин изҳорот аксари кишварҳои дунё онро маҳкум карданд. Аз ҷумла, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Ҷозеф Боррел дар изҳороте гуфтаҳои Смотричро маҳкум кард ва таъкид намуд, ки баёнияи вазири исроилӣ пой гузоштан рӯи тамоми қавонини байналмилалӣ аст. Боррел афзуд, ки “амдан гурусна нигоҳ дштани аҳолии осоишта ҷинояти ҷангӣ ба шумор меравад.”

Ҳамзамон Фаронса 7-уми август бо нашри изҳороте аз ҳукумати Исроил талаб кард, ки баёнияи Смотричро маҳкум кунад ва бигузорад кумакҳои инсонӣ ба 2 миллион сокини Ғазза, ки дар муҳосираи сахт қарор доранд, бидуни менаегузорӣ расонда шавад.

Гуфта мешавад, аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза, ки беш аз 9 моҳ аст идома дорад, то кунун мувофиқи омори расмии Вазорати беҳдошти Фаластин, 36 ҳазору 699 нафар кушта шудаанд, ки 70 дарсади онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд.

Мувофиқи гузориши ин ниҳод, танҳо дар 24 соати гузашта, нерӯҳои Исроил дар Навори Ғазза 4 ҳамлаи густарда анҷом доданд, ки дар натиҷа 22 нафар кушта ва 77 нафари дигар захмӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Барои муҳоҷирон дар Русия боз як имтиҳони дигар изофа шуд 

Муҳоҷирони корӣ дар Русия барои гирифтани патент бояд ба таври шифоҳӣ имтиҳони забони русӣ супоранд.

Ҷузъиёти тоза дар бораи ҳодисаи дастгоҳҳои паёмрасони “Ҳизбуллоҳ”

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" мегӯяд, Исроил то кунун 5 ҳазор дастгоҳи паёмрасони "Пейҷер"-ро, ки аъзои ин гурӯҳ истифода мекарданд, тарконидааст.

Маълум шуд чаро табибони тоҷик тарки Ватан мекунанд

Баъзе аз тпбибони тоҷик аз он шикоят доранд, ки бемористонҳои кишвар барои ба кор қабул кардан аз онҳо пули зиёд талаб мекунанд.

Захмӣ шудани сафири Эрон ва садҳо нафари дигар дар Лубнон

Дар ҷануби Лубнон садҳо нафар бар асари таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Пейҷер" захмӣ шудаанд. Аксари захмиён аъзоёни гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” гуфта мешаванд.