22.9 C
Dushanbe

Дархости парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон

Сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Озарбойҷон аз президенти ин кишвар хост, ки барои роҳандозии парвозҳои мустақим байни ду кишвар мусоидат кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 18-уми августи соли 2023 Илҳом Абдураҳмон, сафири ҷадиди фавқулъодда ва мухтори Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба прзединти ин кишвар Илҳом Алиев эътимоднома супорид.

Дар рафти ин дидор ва супоридани эътимоднома Илҳом Абдураҳмон, сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба президенти ин кишвар Илҳом Алиев гуфт, боз шудани хатсайрҳои мустақими парвоз байни Душанбе ва Боку ба тавсеаи ҳамкорҳо дар бахши гардишгарӣ кумак мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам гуфта, ки дар рафти мулоқоте, ки баъди супоридани эътимоднома сурат гирифт, “масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.”

Гуфта мешавад, Илҳом Абдурраҳмон, ҳамчун як дипломати шинохта дар Тоҷикистон аст. Вай дар корномаи худ, кор ба ҳайси Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Туркия ва Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабиро дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қазоқистон беш аз 310 ҳазор қурбонии сиёсиро сафед кард

Қазиқистон ҳам мисли хеле дигар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қурбониёни сиёсии даврони столниашро сафед кард, Тоҷикистон чӣ?

HRW дар нома ба Байден аз нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) бо нашри изҳороте аз Ҷо...

Таҳдид зиндон барои навиштани “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз ин ба баъд ирсоли паёмаки "Ҷумъа муборак"-ро дар Тоҷикистон ҷурм дониста, барои он то ҷарима ва ҳатто ҳабсро пешбинӣ кардаанд.

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.