Мақомоти Толибон бо нашри як эъломия аз кишварҳои мизбони муҳоҷирони афғон хостаанд, ки афғонистониҳоро ба иҷбор ихроҷ накунанд.
Бино ба иттилои расмӣ, 31-уми октябри соли ҷорӣ Толибон бо нашри як эъломия аз кишвраҳои мизбони муҳоҷирони Афғонистон, ки тайи 45 соли охир садҳо ҳазор афғонистониро пазироӣ кардаанд, сипосгузорӣ карда, хоҳиш кардаанд, ки онҳоро “ба иҷбор ихроҷ накунанд, балки ба онон вақт бидиҳанд”, то барои бозгашт ба ватан омода шаванд.
Инчунин дар ин эъломияи Толибон зикр шудааст, ки “дар кишварҳое, ки афғонҳо дар онҳо сукунат доранд, онон ба амнияти он кишварҳо мушкилоте иҷод накардаанд ва на дар бесубот кардани ҷое даст даранд.”
Ин дархости Толибон дар ҳоле садо медиҳад, ки Покистон тасмим гирифтааст ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор афғонистониро, ки ба гуфтаи вазири корҳои дохилии он кишвар, “бидуни мадраки қонунӣ ҳастананд” то 2-уми ноябри соли ҷорӣ муҳлат додааст, то хоки ин кишварро тарк кунанд.
Аммо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид теъдоди афғонистониҳои бидуни мадракро, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар Покиситон зиндагӣ мекунанд, зиёда аз 2 миллион нафар медонад. Ҳудуди 600 ҳазор нафар аз инҳо низ баъди дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ба Покистон муҳоҷир шудаанд.
Мақомоти Толибон ҳам бо назардошти бозгашти даҳҳо ҳазор нафар аз муҳоҷирони худ аз Покистону Эрон ва Тукрия аз тоҷирону сармоягузорон ва пулдорҳои афғонҳои хориҷ талаби кумак карда, гуфтаанд, ки барои таъмини сарпаноҳ ва шароити хуби зиндагӣ ба ин бозгашткунандаҳо кумак кунанд.
Гуфта мешавад, баъд аз дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон нисбатан амният ба ин кишвар бозгашта, бархе кишварҳои мизбони муҳоҷирони афғон, ба мисли Туркия, Эрон, Арбистони Саудӣ ва Покистон ҳам раванди ихроҷи афғонистониҳоро шиддат бахшидаанд. Тоҷикистон дар ду соли ахир даҳҳо хонаводаи муҳоҷири Афғонистонро ихроҷ кардааст.