Дархости пайвандони Далер Шарифов аз ҷониби Вазорати адлия рад шуд

Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистогн дархости Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷикро барои пеш аз муҳлат озод карданаш рад кардааст. Далели рад шудани дархост аз сӯйи ин ниҳод шарҳ дода нашудааст.

Наздикони Далер Шарифов як моҳ пештар аз Идораи зиндонҳои Тоҷикистон дархост карда буданд, ки  Далерро пеш аз муҳлат озод намоянд, рӯзи 18-уми сентябр посухи рад дарёфт кардаанд.

Падари Далер Шарифов, Абдуманон Шарифов ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “вазъи саломатии писараш хуб нест ва ҳамчунин дар зиндон як навъ фишори равониро эҳсос мекунад”.

Далер Шарифов яке аз мунтақидони низом дар кишвар буд, ки моҳи апрел   аз сӯйи Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе барои як сол равонаи зиндон гардид. Чанде пеш наздикони ин рӯзноманигори зиндонӣ гуфта буданд, ки бояд ӯро 5 июл ба маҳбаси сукунатӣ мегузарониданд, вале то ҳол нагузарониданд.

Дар таърихи 28-уми январи соли 2020 Далер Шарифов, аз тарафи  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуда буд, ки ба гуфтаи пайвандонаш кормандони КДАМ ӯро бо роҳи фиреб ба назди худ хонда буданд. Дар замони боздошти Далер гуфта мешуд, ки нафаре худро аз шиносҳои ӯ муаррифӣ карда ба наздаш хондааст. Ба назари коршиносон ба ин шевае, ки КДАМТ барои дастгир намудани рӯзноманигор Далер Шарифов истифода намудааст, худ ҷиноят маҳсуб мешавад.

16-уми апрел додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Далерро бо иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” барои як сол равонаи зиндон кард.

Парвандаи Далер яке аз қазияҳои пурсару садои сол ҳам дар ҷомеаи тоҷик ва ҳам дар сатҳи байналмиллалӣ буд. Додситонии кулли Тоҷикистон баъди боздошти ин рӯзноманигор, дар як изҳорот ӯро ба навиштани 200 мақолаи дорои мазмуни экстремистӣ тайи солҳои 2013 -2019  муттаҳам кар,  наздиконаш ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Созмонҳои байналмиллалӣ оиди ҳуқуқи башар, аз ҷумла созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар, Авфи Байналмилал, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва чанди дигар аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки Далер Шарифовро озод кунад. Ҳатто Созмони ҳомии ҳуқуқӣ “Freedom-Now” ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали Муттаҳид расман муроҷиат карданд, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунанд ва хулосаҳояшро бигӯянд, вале то ҳол аз ҷониби Тоҷикистон ҷавоб гардонида нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.