#Эмомалӣ Раҳмон

Оғози даъвати баҳорӣ барои хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Бо фармони Презеденти Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонписароне, ки ба синнӣ 18-солагӣ қадам гузоштаанд, оғоз шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 1-уми марти соли 2023, Президенти Тоҷикистон фармон дод, ки Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хидмати ҳарбиро адо намудаанд..., моҳҳои апрел-майи соли 2023 ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.

Инчунин тибқи ин фармон, моҳҳои апрел-майи соли 2023 мардони то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хидмат даъват карда шаванд.

Бо вуҷуди он ки ҳамасола пеш аз оғози даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва дигар ниҳодҳои расмӣ таъкид карда мешавад, ки бидуни зӯрӣ ва хушунат даъватшавандагонро ҷалб кунанд, вале бо гузашти 30 сол аз оғози ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно "облава"-и ҷавонон дар кӯчаву хиёбонҳо, мактабу донишгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ идома дорад.

Гуфта мешавад, даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, дар қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ва баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хидмат мекунанд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари #Эмомалӣ Раҳмон

Афғонистон

Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон тобеи Толибон?

#СММ

Интиқоди СММ аз саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон

#Тоҷикистон

Барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Салмон бин Абдулазиз