Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон мардум ва сокинони кишварро ба сулҳу оромӣ ва ҳифзи суботи сиёсӣ даъват кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 22-юми марти соли 2023 Президенти Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар Амрико ҳузур дорад, мардуми кишварро ба қудуми моҳи шарифи Рамазон табрик карда, гуфт, ки ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ “бештар заҳмат” кашед.

Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоташ мардумро бори дигар ба захира кардану хайрот додан даъват кард ва ҳамзамон ҳушдор дод, ки барои давлат таъмин намудани аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ душвор шудааст: “масъалаи таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ дар аксари кишварҳои дунё, хусусан, солҳои охир ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.”

Ба назар мерасад, дар замоне ки вазъ дар ҷаҳон хеле тағйирёбанда шудааст, то ҷое аз мақоми худ ҳарос дорад ва бо ёдоварӣ аз таълимоти исломӣ мегӯяд, “дини мубини ислом мардумро ба таҳким бахшидани ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагӣ, сулҳу оромӣ, сабру таҳаммул ва дигар аъмоли писандидаи инсонӣ даъват ва ҳидоят мекунад.”

Гуфта мешавад, Президенти Тоҷикистон вазъияти ҷаҳонро “ниҳоят ҳассос ва осебпазир” хонда, дар ин паёми табрикотӣ мардум ва сокинони кишварро ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ дар кишвар даъват мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.