9.9 C
Dushanbe

Даъвати Садриддини Наҷмиддин аз муҳоҷирон ва мансабдорони тоҷик

Садриддини Наҷмиддин, сарояндаи шинохтаи тоҷик аз муҳоҷирони тоҷики муқими Русия даъват карда, ки ба Ватан баргарданд.

Ин сарояндаи хушовози тоҷик, ки чанд сол боз дар кишвари Канада зиндагӣ дорад, 4-уми апрел дар муроҷиате дар саҳфаи фейсбукиаш аз муҳоҷирони тоҷике, ки шаҳрвандии Русияро доранд, хостааст, ки онро бурда ба “туалет” партоянд, чун мақомдорони рус ҳарвақте хостанд онро бекор мекунанд.

Садриддини Наҷмиддин дар ин муроҷиаташ мегӯяд, ки “ҳоло дигар баҳона пайдо карданд, ки шуморо бе пурсу пос рост ба ҷанг равон кунанд. Ҳайфи ҳамон ҷавонмардоне, ки ҳайф шуданд ва шудаистодаанд”.

Инчунин Садриддин аз муҳоҷирони тоҷик пурсидааст, ки то ба кай таънаи ин “мардуми ношукри фашист”-ро тоқат мекунанд ва аз чеҳраҳои шинохта, бахусус блогерон хостааст, муҳоҷиронро ташвиқ кунанд то ба Ватан баргарданд.

Дар идома ин сарояндаи тоҷик дар муроҷиат ба мансабдорони тоҷик мегӯяд, ки ғами мардумро хӯранд, чун он миқдор пуле, ки дар муддати 32 сол дар бонкҳои хориҷа ҷамъ кардаанд ба ҳама мардум мерасад.

Навбати шумо вазифадорони азиз, ки ғами мардумро хӯред, чун 32 сол шуморо ғам надоданд. Ҳама аз Русияи фашистӣ бо қиммати ҷони худ ба Ватан пул равон мекарданд, акнун намешавад дигар …. Як бор шумо дасти бахайратонро нишон диҳед, охир Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст ҳамачиро шумо 32 сол барои кӣ сохтед? Албатта ман боварӣ дорам, ки барои халқ аст. Шумо вазифадоред, ки дар ин шабу рӯз бо мардум бошед“-мегӯяд Садриддин.

Ин сарояндаи шинохтаи тоҷик дар ҳоле аз муҳоҷирони муқими Русия даъват дорад то ба Ватан баргарданд, ки баъд аз ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбарони асосии ин ҳамла тоҷикон мебошанд, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар хеле бад шудаааст.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст, аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифта истодаанд.

Инчунин ба гуфтаи бархе манобеъ, муҳоҷирони тоҷике, ки барои ивази ҳуҷҷатҳояшон, аз ҷумла шаҳодатномаи ронандагӣ ба мақомоти рус муроҷиат мекунанд, дар баробари иваз намудани ҳуҷҷатҳо ба онҳо даъватнома барои иштирок дар ҷанг бо Украинаро медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.