13.9 C
Dushanbe

ДАЪВОИ БЕПОЯИ “ҶАНОБ ХАБАР НАДОРАД…”

Ибораи “Ҷаноб хабар надорад” бо супориши худи Раҳмонуф ба гӯши сокинон бор мекунонанд, то ин ки ҳама камбудиҳои зиндагӣ ва ҷиноятҳои содиршуда ба гардани дигарҳо бор шаваду “ҷаноби бехабар“ доим бегуноҳ, тасвиру ташвиқ карда шавад.

Қариб сӣ сол мешавад мову Шумо ҳамватани гиромӣ, аз забони баъзе нафарон ибораи “Ҷаноб хабар надорад”-ро он қадар зиёд шунидаем, ки баъзеамон зери таъсири “сеҳри сухан” қарор гирифта, ба он бовар мекардагӣ шудаем. Дар аввалҳо ман ҳам гумон мекардам, ки паҳнкунандаи ин сухан баъзе зудбоварон ва содалавҳонанд, локин бо пайдо шудани “фабрикаи ҷавоб” маълум шуд, ки ин тарҳест ва аз тарафи гурӯҳи чоплусони бефарҳанг таблиғ мешавад.

Чуноне медонед, “фермаи ҷавоб” аз андози шаҳрвандон маош мегираду доим ба таҳқири ҷавонмардон ва “реклама”-и бешарафон ва сиёҳро сафед ва сафедро сиёҳ нишон додан машғул мебошанд. Чунин ибораҳоро бо супориши худи Раҳмонуф ба гӯши сокинон бор мекунонанд, то ин ки ҳама камбудиҳои зиндагӣ ва ҷиноятҳои содиршуда ба гардани дигарҳо бор шаваду “ҷаноби бехабар“ доим бегуноҳ, тасвиру ташвиқ карда шавад.

Тибқи масали мардумӣ “Як бор ҷасти малахак…..”оқибат рӯйи  сиёҳи “пешвои чоплусон” ошкор шуд. Тибқи хабари Радиои Озодӣ (ин хабар дар шабакаҳои телевизионӣ ҳам нашр шуда буд), Э. Раҳмон дар суханрониаш рузи 18-уми июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳе дар Данғара бо ширкати мақомоти маҳалӣ ва ҷумҳуриавӣ гуфт, амри “безарар кардани нафарони яроқдор”-ро (шахсан ӯ) дода, ба гуфтааш “илоҷи дигаре” набуд. Яъне, худаш бо забони ба дурӯғгӯӣ одаткардааш мегӯяд, аз замоне ки ман “музаҳои колхозӣ”-ро ба “либосҳои боевикӣ” ва “боевикӣ”-ро ба шиму кастуми “ҷанобӣ” иваз намудаам, ба ҳама ҷиноятҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар ибтидо иҷрочӣ (чунки дар аввалҳо чойрезаки Сангак буд) ва дар солҳои баъдӣ фармондиҳандаи асосӣ будам.

Дар сурате, ки ҳоло ҳам бе машварат ва гӯшакиҳои хоҷагонаш даст ба иқдоме намезанад, вале аз он солҳо дида хело бозингару ниммустақил шудааст. Қобили зикр аст, ки ҳамин вобастагиаш аз хоҷагони хориҷӣ сабаб мешавад, то дар ҳар суханрониаш ба нафарони солимфикр ва ҳақталаб тамғаи “хочагони хориҷӣ” зада, аз ҷиноятҳои содиркардааш, ки аз фурӯхтани хоки Ватан, куштори ҳамватан, қатли сарбози Ватан, зиндонии ҳар шарафманд, бекорӣ, бесаводӣ ва беқадрии ҳар соҳибмиҳан иборат аст, хушку бегуноҳ баромадан мехоҳад.

Бояд гуфт, ки иқрор шудани “ҷаноби бехабар” на ба хоҳиши худи ӯ сурат гирифтааст, балки ин самараи муборизаи бошарафони Ватан, хосатан ҷавонмардони Бадахшон мебошад, ки бо истодагарӣ ва ҳақталабиашон ӯро маҷбур карданд, то ба ҷиноятҳояш қоил гардад. Ин ҳам яке аз дастовардҳои роҳпаймоиҳои мардуми Бадахшон ба ҳисоб меравад ва бовар дорем, ки баъд аз ин иқроршавии Раҳмонуф сокинони зудбовар ва чоплусони ҳукумати оилавӣ ибораи “бехабар”-ро аз “ҷаноб” ҷудо намуда, дар оқибати кор аз “ҷаноб” ҳам рӯй мегадонанд.

Дар мавриди ҳодисаҳои Хоруғ, шаҳрвандон ва таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ назарҳояшонро баён намудаанд. “Журналистон” ва “коршиносон”-и ҳукумати оилавӣ чун ҳамеша мардуми осоишта ва ҳақталабро гунаҳкор ва “ҷанобашон“ ва гурӯҳи силоҳбадасташро барпокунандаи волояти қонун тасвир менамоянд. Илова бар ин, рӯзноманогорони ҳукуматӣ, мусибатзадагонеро, ки наздиконашонро аз даст додаанд ва бо зӯри “калашников” ба назди камераҳои телевизионӣ оварда мешаванд, аз онҳо ҳамчун иштирокчии бенизомиҳо ва фиребхӯрдагон ном мебаранд.

Ин амалкарди Раҳмонуф ва “командааш”-ро золимоне мисли Чингизу Гитлер нисбати мардуми худашон ва ҳатто нисбати душманонашон анҷом надода буданд. Фарзанди бегуноҳатро мекушанд ва он ҷое ки, ту бояд аз котилон шикояту қасос ситонӣ, маҷбурат мекунанд, то кушташудагони мазлумро ҷинояткор ва қотилону фармонравоёнӣ онҳоро “ҷорикунандаи  амну субот” маънидод намуда, нисбати золимон мадҳу сано бихонӣ.

Назари таҳлилгарони мустақил нисбати раҳпоймоиҳои мардуми Бадахшон дар он аст, ки сокинон аз ҳуқуқи конистусионии худ истифода карда, мехостанд ба гӯши ношунавои ҳукуматдорон талабҳояшонро бирасонанд ва инчунин пайгирии одилонаи қазияи Гулбидинро талаб менамуданд. Чуноне медонед, ин ҷавони бономус, яке аз “пагондорон”-и бешарафи ҳукумати Раҳмонуфро, ки нисбати духтари маҳалӣ бадрафторӣ намуда буд, ҳушдор медиҳад ва амали ин ҷавонмард ба ноҷавонмардони Раҳмонуф писанд наомаду окибат аз дасти кормандони полис, бераҳмона ба қатл расонида шуд.

Дар сурате, ки муроҷиати сокинони Бадахшон қонунвайронкунӣ набуда, балки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шаҳрвандон (Моддаи.1) ҳаққи конистутсионии онҳо ба ҳисоб меравад. Бар замми он ки талабҳои сокинони Хоруғ қонунӣ ва иҷрошаванда буд, дар назари Раҳмонуф “беилоҷ” номида шуда, ба гурӯҳи силоҳбадасташ амри “безарар” гардонидани иштирокчиён ва дигар нафарони осоиштаро содир намуд. Тибқи хабарҳои раҳмонуфӣ, 16 нафар безарар ва 200 нафар дастгиру бозпурсӣ шуд, локин манбаҳои мустақил аз кушта шудани беш аз 30 ва дастгиру шиканҷа шудани тақрибан 300 нафар хабар медиҳанд (21.06.2022.Радиои Озодӣ). Мутаасифона, хабарҳои боздошту шиканҷаҳо то ба ҳоло ҳам давом дорад.

Суоле ин ҷост, ки чаро “пешвои чоплусон” бо мардуми худаш чунин бархурд менамояд ва силоҳбадастонашро (барои он силоҳбадаст менависам, ки афсар ва сарбози Ватан бар зиди ҳамватани худ тир намекушояд) ба сӯи сокинони осоишта равона месозад. Баъзеҳо гуфтанд, ин ҷиноятҳои “падар – пешво” барои омода кардани роҳи қудрати ”писар-пасво”, дигаре бехатар мондани роҳи Чин, сеюм душмании “пешво” бо мардуми озодандеш, чаҳорум тарсонидани сокинон баҳри дарозумрии ҳукумати оилавӣ ва дигар манфиатҳои шахсию оилавӣ.

Дар умум, дар ҳамаи ин назарҳо ҳақиқате вуҷуд дорад, локин як ҳақиқати дигареро ҳам зикр кардан ба маврид мешуморем. Чуноне ки нависандаи фаронсавӣ Монтескё (Montesquieu) мегӯяд: “Ҳар милат тавре идора карда мешавад, ки сазовори он аст”. Умедворем, ки ҳамватани гиромӣ ин суханро ҳамчун таҳқир не, балки ҳамчун луқмае барои тафаккур қабул мекунад. Ман ҳам намехоҳам зери ин суханҳо худамро таҳқиршуда биҳисобам, локин мутаасифона, ҳақиқат талх ҳам бошад, набояд онро сарфи назар кард. Яъне, хомушӣ ва сархамии мо яке аз сабабҳои ассоии давомнокии ҳукумати золимонаи Раҳмонуф ва беқадрӣ ва шиканҷаву зиндониву саргардонии милати бечора гардидааст ва инро ҳар яки мо бояд дарк ва баҳри зиндагии бошарафонаи худ ва наслҳои баъдӣ кӯшиш намоем.

Хулосаи калом, то ҷое ману шумо “вай”-ро (иқтибос аз ибораи “вая вай кунед”) ба хубӣ шинохтаем. “Вай” ҳамон нафарест, ки дар иҷлосияи тақдирсузи миллат намояндаҳои мардумӣ ва призиденти ҳамонвақтаро ба гаравгон гирифта, дар аввалин амалиётҳои “безараргардониҳояш” Қ. Аслонов, имзокунандаи санади истиқлолияти Тоҷикистонро ба қатл расонидааст ва аз рӯзи аввале, ки бо қувваҳои хоҷагони хориҷиаш ба курсӣ нишонда шуд,  аз худ хабар дод, ки ман зидди истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистон ҳастам ва дар охирон суҳбаташ ҳам ошкоро таъкид кард, ки ғайр аз ҷиноят нисбати мардуми шарифи Тоҷикистон “дигар илоҷе”-ро намедонам ва дигар навъи муомиларо нисбати шумо раво намебинам, агар метавонед худатонро тағйир диҳед, он вақт аз ҷиноятҳои ман наҷот меёбед.

Ба гуфтаи баъзе равоншиносон, ақли инсон воқеиятро аз асл фарқ намекунад. Дар зеҳнат худатро тарсӯ ва ноуҳдабаро гумон кардӣ ҳамон хел рафтор менамоӣ ва ҳар гоҳ худро ҷасуру бошараф баҳо диҳӣ, амалҳоят ҳам ҷасурона  мегардад. Бояд гуфт, ки қисми зиёди ватани моро куҳсорҳо ташкил медиҳад  ва сазовор аст, ки мо ҳам мисли кӯҳҳо боазамату сарбаланд ва монанди уқобҳои он ҳушёру ҷасуру баландпарвоз бошем.

Ҳамватани гиромӣ, вақте расидааст, ки мо худамонро шиносем ва исбот намоем, ки мо ворисони салтанатҳои Тоҳириён, Сомониён, Сафориён, Ғуриён ва муборизону родмардоне мисли Абӯмуслими Хуросонӣ, Темурмалик, Яқубхони Бадавлат, Восеъ ва донишмандоне, мисли Бухориву Тирмизӣ Рӯдакиву Сино, Ҳофизу Берунӣ, Носиру Камол, Донишу Айнӣ ҳастем ва дар муқобили зулм сукут намеварзем, бо  ғосибону золимон дастаҷамъона мубориза мебарем, то ин ки ҳар ҳамватани мо дар дохилу хориҷи Ватан сарбаланду азиз бошад ва таҳқиру озоре набинад.

Бо умеди ободии Ватан ва шарафмандии ҳамватани азиз!

Салмон Саидзода

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.