35.9 C
Dushanbe

“Дедовшина” зодаи оила аст ё артиш?

Рӯзи 28 апрел дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон масъалаи “Дедовшина” ё бадрафторӣ дар артиш баҳсу баррасӣ шуд. Муовини якуми вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар ин мавзӯъ дар парлумон суханронӣ кард.

Ба гуфтаи вазири дифоъ, бадрафторӣ дар артиш аз оила ба вуҷуд омадааст ва он натиҷаи тарбияи нодурусти фарзандон дар оилаҳо мебошад. Ӯ гуфт:

“Дедовшина” дар артиш таваллуд нашудааст, он аз хона шуруъ мешавад. Дар як оила агар ду се фарзанд бошад, онҳо ҳам байни худ соз намегиранд.”

Собирзода афзуд, аммо мардум нисбати артиши миллӣ нигоҳи бад доранд.

Дар ҳамин ҳол Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон аз ҲДТ гуфт, ки “ҷавононро падару модар калон мекунанд, ба хидмати ҳарбӣ равон мекунанд, аз он тараф мурдаашонро бармегардонанд. Ин кори осон нест. Тасаввур кунед, ки фарзанди мову Шумо дар ин ҳолат бошад.”

Инкори “дедовшина” ва ё бадрафторӣ ва сарбозозорӣ дар артиши Тоҷикистон аз забони як мақомдори баланди соҳаи низомии кишвар дар ҳоле садо медиҳад, ки ин қазия яке аз масъалаҳои доғи беш аз ду даҳаи ахир дар Тоҷикистон мебошад.

Ба хотири он ки наваскарон дар артиш бераҳмона мавриди шиканҷа қарор мегиранд ва ё ҳар сол хабари марги чанд сарбоз расонаӣ мешавад, падару модарон дигар намехоҳанд фарзандошон ба хидмати артиш раванд. Ва худи ҷавонон низ аз хидмат фирор мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.