Деҳае дар Тоҷикистон беному нишон мондааст

Сурат: Ozodivideo

Дар ноҳияи Фархор деҳае на ном дорад на обу барқ. Сокинони ин деҳа гуфтанд, тӯли солҳост, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, вале касе ба додашон намерасад. Масъулини ноҳияи Фархор гуфтаанд, ки ин мушкилии онҳоро бартараф карданиянд, вале якбора ҳал кардани ин мушкилот кори осон нест.

Ба навиштаи Радои Озодӣ, ин деҳа даҳ сол пеш баъд аз ҷудо гардидани замин аз ҷониби Ҳукумати ноҳяи Фархор бунёд гардидааст. Баъд аз он ки сокинон соҳиби замин гардиданд ба хонасозӣ дар ин минтақаи бе обу барқ оғоз кардаанд, умед доштаанд, ки баъди бунёди хонаҳо ҳукумат барояшон роҳи ҳамвор, барқ ва обро таъмин мекунад, вале то ҳол аз инҳо хабаре нест.

Дар ин деҳа, ки зиёда аз 40 хонавода зиндагонӣ мекунад, то ҳол мактаб нест. Ширин Эмомзода сокинини ин деҳаи бе ном ва бе барқу бе об ба “Озодӣ” гуфтааст, фарзандам, 7 километр роҳро тай карда ба мактаб меравад.

Дар идома гуфтааст:

“Кӯдаки ман синфи як мехонад, ҳафт километр мактаб меравад. Дирӯз як кӯдакро мошин зад, мурд, кӣ ҷавоб медиҳад? Назди раиси ҳукумат аз даҳ бор зиёд шикоят рафтем, чора намебинад.”

Ҳамчунин бархе аз сокинон аз набуди шароити зист аз ин маҳал ба дигар ҷой кӯчиданд. Бархеи дигар зербинои хонаҳояшонро бунёд кардаанд, вале интизори обу барқ ва бозсозии роҳ ҳастанд. Ба гуфтаи Сафаралӣ Раҷабов, раиси ин маҳалла чун обу барқ нест, аксари сокинон сохтмони манзили зисташонро ба охир нарасонидаанд.

Сурат: Ozodivideo

Гуфта мешавад, ки дар замони Шӯравӣ дар ин заминҳое, ки ҳоло сокинон хона бунёд кардаанд, гандум кишт мекарданд ва бо новаҳо обёрӣ мешудааст. Аммо баъди пош хӯрдани Шӯравӣ ва дар замони истиқлол як қисмати ин заминҳоро ба сокинон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ барои сохтани хона тақсим карданд.

Рустам Раҳматзода, раиси ноҳияи Фархор гуфтааст, ҳалли мушкилии деҳот ба якборагӣ кори осон нест, онҳо талош мекунанд, ки деҳа обод шавад.

Дар Тоҷикистон солҳои 2019 ва 2020-ро соли “рушди деҳот” эълон карда буданд. Сокинон мегӯянд, дар гумон аст, бо ин аҳволе, ки доранд, деҳаашон ба рушд бирасад. Чунки чандин бор аст, ҳукумат ваъдаи ҳалли мушкилашонро дода, вале иҷро накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.