13.9 C
Dushanbe

«Девор»-и Данғара

Сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навоҳии кишвар ва истиқболи сохтакоронаву сунъии вай чизи наве нест. Ва дар ин васат рафтану «кушодан»-ҳояш дар ноҳияи Данғара, зодгоҳаш ҳам наметавонист, ҷалби таваҷҷӯҳ кунад. Аммо як иттифоқе вижа, ки дар ин сафар тафовут дошт ин буд, ки вақте як бемористони амрози сироятӣ дар инҷоро ба «кор» андохт ин буд, ки аз он ба ҳайси бемористони «вилоятӣ» ном бурданд ва ҳамин калимаи «вилоятӣ» дар як гузорише, ки аз ин маросим суҳбат мекард, батакрор зикр меёфт.

Ин дурст монои ҳамон сиёсати «ҷавонгароӣ» ё бояд «такя ба ҷавонҳо» кард гӯиҳои Эмомалӣ Раҳмон то овардани Рустам ба мақоми раиси Маҷлиси Миллӣ буд, ки алъон  як каме бо анҷоми ин нақша пушташ хунук шудаву орому сокит шудааст ва камтар аз «ҷавонгароӣ» гап мезанад, чун ҳадафи он ҳамин Рустам буд. Ҳоло ки ин бемористони ноҳияи Данғараро ин қадар «вилоятӣ-вилоятӣ» мегӯянд ҳам беҷиҳат нест. Ростӣ қаблан низ тасдиқ карда буданд, ки Данғара дар арафаи 30-солагӣ ва шояд як каме дертар мақоми вилоятро касб бикунад.

Савол ин аст, ки чаро Данғара? Чаро Фархор не? Хуб, чаро худи Кулоб не? Бар фарзе агар Эмомалӣ Раҳмон дар Фархор ва ё дар Кулоб ва ё бигирем дар Ванҷ ба дунё меомад, онҷо маркази вилоят мешуд? Аз инҷо бармеояд, ки меъёр ва омилу асоси ташкили вилоят дар Данғара фақат ва фақат ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар он таваллуд шудааст, кадом аҳамияти иқтисодие инҷо вуҷуд надорад. Пас, мантиқист, ки Раҳмон барои худ на унвони Пешвои миллат, балки Пешвои Данғараро бигирад, чунки вай маҳалли таваллуди худро бар бақия манотиқи кишвар бартар меҳисобад ва ин ҳама муддат тарҷеҳ додааст, ки беш аз ноҳияи дигар обод бишавад.

Агар барои миллат Пешво буд, чаро тамоми ҳукуматашро ба ҳаммаҳалҳояш додааст ва ба ҳама баробар таваҷҷӯҳ намекунад. Маҳалли худро аз маҳалҳои дигари Тоҷикистон боло гузоштааст. Мавориди зиёдеро ба мушоҳида гирифтаем, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар лаҳзаи имконпазир барои Данғара аз ҳисоби бюҷети давлатӣ имтиёзҳое медиҳад, ки ноҳияҳои дигар, масалан Хуҷанд дар хоби шабаш ҳам нахоҳад дид.

Соли гузашта барои ободонии Душанбе аз хориҷи кишвар ба миллионҳо доллар гулу буттаҳои ороишӣ оварданд, ки тамоми масрафи он, аз ҷумла боҷу молиёти гумруку андоз ба дӯши буҷҷа буд. Ҷолиб инҷо буд, ки бо пешниҳоди шахсии Эмомалӣ Раҳмон дар ин тарҳ исми чойхонаи Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара ҳам  ҷой гирифт. Чунин сиёсат дар баробари ноҳияҳои дигар боиси инкишофи нобаробари маҳалҳо хоҳад шуд:-бартарӣ ва авлавият додан ба маҳалли хос ва бо як чашм надидани сокинони манотиқи дигари кишвар ва онҳоро ҷудо кардан ба худиву бегона.

Бидуни шак ободӣ  ва ободкорӣ хуб аст. Аммо  аз ҳисоби тамоми  кишвар обод кардани як маҳал ва ноҳияи хос дилсардӣ ва ҷудоиро бор намеоварад, маҳалгароиро бештар намекунад?

Воқеияти имрӯза ин аст, ки Данғара он Данғараи пешина нест. Кадрҳояш ҳукумати Тоҷикистон ва тамоми кишварро мудирият (амалан дуздӣ) мекунанд. Чойхонаи “Хуррамшаҳр”-аш дар Шӯравии пешина ҳамто надорад. Бо сӣ миллион доллари бюҷет сохта шудааст. Донишгоҳи Давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара рашки Донишгоҳи миллиро меоранд. Раҳмон Коллеҷи тиббиашро ҳам ҳамин ду рӯзи пеш ифтитоҳ кард.

Барои Данғара  чандин сол аст, ки чароғҳо хомуш намешавад. Ҳамасола дар ин ноҳия даҳҳо таъсисоти нав ба истифода дода мешавад. Дар соли гузашта дар инҷо як бинои муҳташами Қасри фарҳанг ифтитоҳ шуд, ки назири он дар тамоми Тоҷикистон нест.

Бар тибқи маълумоти расонаҳо маҷмӯи маҳсулоти кишоварзиву саноатии ноҳия аз севуним миллиард сомонӣ ҳам гузаштааст. Данғара минтақаи озоди иқтисодӣ эълон шудааст. Бузургтарин корхонаи полоиши нафтӣ дар инҷоро бо кумаки Чин сохтаанд, ки интизор меравад Тоҷикистон ва Афғонистонро дар оянда бо маводди схт таъмин  кунад.

Хуб, дар ин васат Кулобро чи шуда, ки наметавонад ба мақоми қаблии худ бозгардад? Кулоб дар баробари Данғара аз чӣ кам аст? Ва ё кулобӣ аз данғарагӣ дар даврони раҳбарии Раҳмон каму ночиз шуд? Ва агар кам шуд иллаташ чӣ аст? Шояд иллаташ ин аст, ки Раҳмон барош таваҷҷуҳ накард? Камтар аз кадрҳояш дар мудирият истифода карду ҳамаро аз Данғара овард? Дар ҳар сурат Данғара аз Кулоб чӣ бартарӣ дорад?

Чаро тамоми ин ҳама даҳсолаҳо Кулоб на танҳо маркази вилоят ва ҳатто номи вилоят ҳам буд, ҳоло чи офат омада, чи нақсу камбуде сар зада, ки аз ин ҳама маҳрум мешавад? Ҳоло ин Раҳмон аст, ки дақиқ ва таъйин кард, ки Кулоб ва кулобӣ ба ин ҳадду мақоме набуд, ки Данғара ва данғарагӣ дорад. Раҳмон ташхис дод ва муайян кард, ки барои давлат ва барои миллат ва барои Ватан Данғара авлотар ва муносибтар ва шоистатар аст. Кулоб инҳоро надорад, шоиста нест, муносиб нест.

Табъан, агар Данғара вилоят шуд, онҷо мақоми дигар мегирад. Навоҳии дигар боҷ медиҳанд, молиёт месупоранд, буҷҷаи вилоят дуруст мешавад, тамоми идораҳо аз милиса бигир то маорифу экология ва то хадамоти маорифу ҳазору як идораи нодаркор, як лашкари дигари буҷҷахӯр ва порагир даст ба кор мешаванд. Дар ҳар сурат ин тарзи ошкорои сиёсати маҳалгироии Раҳмон ба сабаб аст. Яке сиёсӣ.

Яъне беш аз пеш тавсеа ва таҳким бахшидан ба ҳокимияти Эмомалӣ Раҳмон, ба унвони пирӯзи ҳам ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам интихоботҳо ва бо ин васила ҷосозии тарсу ваҳшати давлати ӯ дар азҳон ва афкори умум ба унвони як машинаи бераҳми қудрат ва ба ин васила дар қабза ва таҳти иқтидор нигоҳ доштани ҷомеа. Омили дуввум ин омили иқтисодӣ аст. Тамоми сарват, тамоми иқтисоди кишварро таҳти тасаллути як гурӯҳи одамони ба худ наздик, наздик, аз лиҳози маҳал қарор додан аст.

Бо тамоми имконот ва ҳарчи бештар ба даст овардани сарват ва пул аст. Барои онки бо дили пур ба сирқат ва яғмои байтулмоли давлат ва сарватҳои мардум даст бизанад, афроде сахт муътамадро бояд дар манобеи бойшавӣ, хазина ва захираҳо маъмур гузошт. Кӣ метавонад бештар аз ҳаммаҳалҳояш, ки бештаринашон хешу табори худи Раҳмонанд ба ин нақша мувофиқ бошад? Яъне Раҳмон мехоҳад боқии хешу табору ҳаммаҳаллҳояшро бой кунад. Ва Данғара аз ҳисоби вилоят ободтар шавад.

Ин ҳамон васияти момаи Майрами Эмомалӣ Раҳмон нест, ки “Данғараро Душанбе кун” гуфта буд? Зимнан, ҳоло яке аз амокини зиёратҷо дар Данғара қабри момаи Майрам, ки гуфта мешавад хеле зебо сохта шудааст ва ҳоло дар садади онанд, ки мақбараеро барои Нуриддини бародари Раҳмон ва падари раиси имрузаи ноҳияи Данғара ҳам бисозанд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, дар як нишасти хабарӣ ба маркази вилоят табдил ёфтани ноҳияи Данғараро тасдиқ карда ва гуфта буд, барои корҳои ободонӣ дар онҷо “корхонаву ташкилот вобаста шудаанд”. “Сохтмони чанд иншоот ҷараён дорад, аммо ин кор имсол ва ё соли оянда намешавад. Дар солҳои минбаъда, ҳаматарафа бо таҳлилҳои асоснок ва бо ҳисобу китоб, марказро муайян мекунанд. Маблағи бениҳоят зиёд зарур аст.

Ин кор то 30-солагии ҷашни истиқлол намешавад. Шояд дертар шуданаш мумкин аст. Инро вақт муайян мекунад”. Ба ин тартиб корҳои ободонӣ дар Данғара аз соли 2000 оғоз шуда аст. Як соли пеш мудири шуъбаи маорифи Данғара аз шурӯъи сохтмони бинои ҳаштошёнаи ин идора хабар дода буд.

Шояд ҳам Исломиддин Хайриддин, ҳамин раиси ноҳия, ки думдуми амакиаш дар лентабуриву пардабардориҳои Данғара бо фукбанд мегашт, раиси вилояти Данғара шавад.

Як вақтҳо Эмомалӣ Раҳмонро Исмоили сомонии сонӣ низ гуфта буданд. Исмоили Сомонӣ, шоҳи бузурги давлати тоҷикон дар Бухоро худро “девори Бухоро” хонда буд, ва бо ифтихор мегуфт: то ман ҳастам “девори Бухоро (давлат) ман ҳастам.  Раҳмон ҳам метавонад ба мисли Исмоили Сомонӣ бигӯяд, ки ман ҳам  девор ҳастам, аммо “девори Данғара”.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.