Дигарбора зиндонӣ шудани аъзоёни собиқи ҲНИТ

Дар Тоҷикистон аъзоёни собиқи ҲНИТ-ро пас аз озод шудан аз зиндон дигарбора ба ҳабс мегиранд. Яке аз аъзоёни паноҳбурдаи ҲНИТ дар Аврупо, Саидисоқ Бобоев хабар дод, ки Юсупов Зайниддин, масъули бахши ҲНИТ дар н.Фархорро пас аз озод шудан боз ба як соли зиндон маҳкум кардаанд.

Ӯ дар соли 2015 дар пайи парвандаи пурсарусадои ҲНИТ барои 10 сол паси панҷара рафт ва дар моҳи феврали соли гузашта ба озодӣ баромад. Ба қавли манбаъ дар таърихи 18 декабри ҳамин сол Зайниддини 52 соларо дигарбора ба як соли зиндон маҳкум кардаанд.

Юусупов Зайниддинро ба он гунаҳгор донистаанд, ки ӯ аз Асрориддин Розиқов 200 доллар кӯмак гирифтааст. Пештар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асрориддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҲНИТ-ро ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Бародари Асрориддин, Ҳисомиддин, ки ҳоло дар Аврупо паноҳҷу аст, гӯфт, ки мурофиа пӯшида гузашта, дар бораи он шарҳу ҷузъиёт намедиҳанд ва ҳангоми эълони ҳукм пайвандонашонро низ ба толори додгоҳ иҷозаи вуруд надоданд.

Ӯ мегӯяд, ки ба бародараш адвокат гирифта буданд, вале адвокат баъд аз 1 бори вохӯрӣ бо бародараш бо сабабҳои номаълум аз идомаи ҳимояти Асрориддин даст кашид. Пайвандони Асрориддин мегӯянд, ӯро беасос зиндонӣ карданд ва онҳо адвокат надоштаанд. Модари Асрориддин мегӯяд онҳоро ба толор даромадан намонданд. Дар бораи он ки вакили мудофеи давлатӣ дошт ё не, чизе намедонанд».

Розиқови хурдиро моҳи июни имсол дастгир кардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон он замон изҳор дошта буд, ки Асрориддин Розиқов «бар асоси қисми дуи моддаи 307 (замимаи 3)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диние, ки аз ҷониби суд фаъолияташ манъ карда шудааст», муттаҳам аст.

Наздиконаш мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо аз замони боздошт то эълони ҳукм ӯро боре аз наздик дида натавонистанд, аммо дар нимаи дуввуми моҳи сентябри имсол дар филми – ба гуфтаи мақомот, мустанади “Хиёнат” зоҳир шудааст.

Дар ҳоле, ки мақомот дар ин филм дар бораи сармоягузорӣ ба терроризм суҳбат мекарданд, Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин гуфта буд, “маълум аст, вай таҳти фишор ҳарф мезанад. Гап дар бораи маблағе меравад, ки наздикони маҳбусон дар Аврупо гоҳ-гоҳе ҷамъ оварда, ба хонаводаи онҳо фиристодаанд. Онҳо муҳтоҷ ҳастанд”.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз Тоҷикистон хост, “Асрориддин Розиқовро фавран озод кунад” ва “дар заминаи боздошти худсарона таҳқиқот анҷом дода, масъулонро ба ҷавобгарӣ кашад”. Мақомот ба ин дархост посух надодаанд.

Замоне, ки мо ин хабарро омода мекардем, як манбаи дигар гуфт, ки бо Асрориддин Розиқов дар курсии айбдорӣ ду нафари дигар нишаста буданд ва онҳо 6-солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд, аммо ному насаби онҳоро ошкор накард. Дертар номи онҳо низ маълум гашт ва Радиои Озодӣ гуфт ҳардуи онҳоро барои интиқоли маблағи кумак ба хонаводаҳои зиндонии аъзои ҲНИТ гунаҳгор дониста ба 6 солии зиндон маҳкум кардаанд. Радиои Озодӣ аз қавли хешовандони ин ду тани маҳкумшуда гуфт, ки онҳо Муҳаммадии Соҳибнзар ва Баҳриддини Қурбон будаанд.

Гуфта мешавад падарони онҳо дар гузашта узви ҳамин ҳизб будаанд ва ҳоло додгоҳ дороиҳои ин ду нафарро, аз ҷумла мошиноҳояшонро мусодира карда аст. Дар барномаи хабарии “Радиои Озодӣ” Муҷриёни ин Радио бо ҳайрат суол карданд, ки оё танҳо расонидани кумак ба хонаводаҳои маҳбусон, ки пас аз зиндонӣ шудани сарпаноҳи хонавода дар шароти бади иқтисодӣ ба сар мебаранд, дар қонунгузории Тоҷкистон ҷурм дониста мешавад? Суолест, ки ҳоло касе намехоҳад посух бигӯяд.

Ҳамин гуна чанде пеш дар Тоҷикистон Ҷалолиддини Маҳмуд узви собиқи Раёсати олии ҲНИТ-ро дубора барои 6 солу 8 моҳ равонаи зиндон карданд. Ӯ соле пеш бар асоси қонуни авф озод шуд. Ҷалолиддин Маҳмуд моҳи феврали соли 2015 бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ дастгир ва ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ин собиқ узви Раёсати олии ҲНИТ-ро рӯзи 3 августи ҳамин сол дубора аз манзилаш аз деҳаи Чуқурак дар канори шаҳри Ҳисор барои бозпурсӣ бурда, баъди чанд соат манзилашро кофтукоб намуда, китобҳояшро ҳам мусодира карданд. Сабаби боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд эълон нашуда буд ва дар тӯли чоруним моҳе, ки аз боздошти ӯ мегузарад, тафсилоте дар бораи парвандаи ӯ аз ҷониби мақомот дода нашуда аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷири корӣ дар рақобат бо роботу AI ва Чин

Агар суол гузошта шавад, ки бузургтарин хавфи иқтисодии Тоҷикистон кадом аст, посух на кам шудани тилло дар конҳост ва на қарзҳои афзояндаи хориҷӣ, балки тағйир ёфтани модели муҳоҷирати корӣ аст.

Ҷалби садҳо миллион доллар грант барои татбиқи чанд лоиҳа дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон барои амалисозии чандин лоиҳаи бузург аз Бонки ҷаҳонӣ садҳо миллион доллар грант мегирад. 

Боздошти се нафар бо гумони таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми июл аз боздошти се ҷавон бо гумони содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба як духтари ноболиғ хабар доданд.

21 кушта ва 19 захмӣ: омори нигаронкунандаи садамаҳо дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон 21 нафар ҷон бохта, 19 нафари дигар захмӣ шудааст.