14.9 C
Dushanbe

Писари Зубайдуллоҳи Розиқ ҳам зиндонӣ шуд (Садо)

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асрориддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҲНИТ-ро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора ба “Аздо тв” Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин хабар дод.

Ба гуфтаи Ҳисомиддин, мурофиа пӯшида гузашта, дар бораи он шарҳу ҷузъиёт намедиҳанд ва ҳангоми эълони ҳукм пайвандонашонро низ ба толори додгоҳ иҷозаи вуруд надоданд.

Ӯ мегӯяд, ки ба бародараш адвокат гирифта буданд, вале адвокат баъд аз як бори вохӯрӣ бо бародараш бо сабабҳои номаълум аз идомаи ҳимояти Асрориддин даст кашид.  

Модари Асрориддин, Резагул Розиқова бошад ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки “ба мо фаҳмонданд, ки ӯ ҳукм гирифт, вале писарамро беасос зиндонӣ карданд. Мо адвокат надоштем. Ба толор даромадан намонданд. Дар бораи он ки вакили мудофеи давлатӣ дошт ё не, чизе намедонам.”

Ҳисомиддин Розиқов бародари Асрориддин, ки дар Аврупо паноҳанда аст, дар суҳбати телефонӣ бо “Аздо тв” ба суоле, ки оё аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мебаранд ё не, чунин посух дод:

Як манбаи дигар, ки аз қазия огоҳ аст мегӯяд, бо Асрориддин Розиқов дар курсии айбдорӣ ду нафари дигар нишаста буданд ва онҳо 6-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд, аммо ному насаби онҳоро ошкор накардааст.

Розиқови хурдиро моҳи июни имсол дастгир карданд. Додситонии кулли Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки Асрориддин Розиқов “бар асоси қисми дуи моддаи 307 (замимаи 3)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, диние, ки аз ҷониби суд фаъолияташ манъ карда шудааст”, муттаҳам аст.

Бино ба маълуомти “Паём” наздиконаш мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо аз замони боздошт то эълони ҳукм ӯро боре аз наздик дида натавонистанд, аммо дар нимаи дуввуми моҳи сентябри имсол дар филми – ба гуфтаи мақомот, мустанади «Хиёнат» зоҳир шудааст.

Дар ҳоле, ки мақомот дар ин филм дар бораи сармоягузорӣ ба терроризм суҳбат мекарданд, Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин гуфта буд, “маълум аст, вай таҳти фишор ҳарф мезанад. Гап дар бораи маблағе меравад, ки наздикони маҳбусон дар Аврупо ҳар моҳ ҷамъ оварда, ба хонаводаи онҳо фиристодаанд. Онҳо муҳтоҷ ҳастанд.”

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз Тоҷикистон хост, «Асрориддин Розиқовро фавран озод кунад» ва «дар заминаи боздошти худсарона таҳқиқот анҷом дода, масъулонро ба ҷавобгарӣ кашад». Мақомот ба ин дархост посух надодаанд.

Ба қавли наздиконаш, Асрориддин Розиқов дар бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе ба тиҷорати либосҳои кӯдакона машғул буд. Онҳо бовар доранд, “ҳеч сабабе барои боздошту маҳкум карданаш вуҷуд надошт, магар ин ки бо мақсади фишор ба Зубайдуллоҳи Розиқ, ки ба гуфтаи онҳо, аз додани изҳороти телевизионӣ зидди раҳбарони ҳизб худдорӣ кардааст.”

Зубайдуллоҳи Розиқи 76-сола дар соли 2016 ба 25 сол зиндон маҳкум шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.