13.9 C
Dushanbe

Диктотурон дар ҳамаҷо як таҳдид доранд, ё ман ё ҷанг

Муҳаммадшарифи Абдуллоҳ

Чанд рӯзи охир фикрам бештар банд буд, зиёд таҳлилҳоеро дар сарам мегузарондам. Ин ҳам пас аз он ки оқои Раҳнамо тарзе хост моро қонеъ кунонад, ки ихтиёри беҳтаре дар каишварҳои қаламрави собиқ Шуравӣ ҷуз диктотура надорем. Албатта, ин фикрро бо истифода аз авзои чанд рӯзаи Белорус баён доштанд, аммо худи ҳамин андешаро пештар бо ҳар навъе таблиғ мекарданд ва мехостанд моҳам ба он бовар кунем. Дақиқтараш ин андешаро ман аз эшон дар нишасти порсолаи САҲА шунида будам. Ба мисле ки барои Тоҷикистон ҳоло ҳамин сиёсати ҳукумати кунунӣ бештар ба дардаш мехӯраду марказияту дасти прузури ҳукумат, ки барои қисми бузурги шаҳрвандон дардисар меофарад, барои сохатни як таҳкурсии маҳками давлат кӯмак мекунад. Дар оянда ҳар ҳукумати дигар метавонад болои ин таҳкурсӣ бо диду нигоҳи худ роҳат бо ҳар сиёсате кишвардорӣ бикунад.

Ҳоло ман дар бораи он ки чаро барои як ҳукумат 28 сол кам буда то таҳкурсӣ бисозад, наменависам. Танҳо ҳаминро бояд бигӯям, ки агар назарияи Ибни Халдунро дар ин маврид ба инобат бигирем, ки ӯ мегӯяд, умри давлатҳо ҳам ба мисли умри инсонҳост ва дақиқан ҳамон гирудорро аз сар мегузаронад, пас, ҳоло бояд давлати мо мард шудаву ҳадди ақал бояд аз таъмини худу хонаводааш барояд. Аммо он бештар ба навраси беадабе шабоҳат дорад, ки пайваста барои сархушӣ ва вақтгзоронӣ аз хона пул медуздад ё аз ҳама дустонаш қарз мегираду қарздор аст. Ба мисли ҳамин идҳову ҷашнҳои бефоида.

Дар асрҳои пешин давоми 28 сол давлатҳое сохта мешуданду авҷи қудратро аз сар мегузарониданд ва боз фурӯ мепошиданд. Дар асри навин ҳам чунин аст, мисолҳояш бешумор. Ҳатто ҳамон Шуравӣ ҳам 75 сол умр дошт, ки ҳамагӣ дар умри 19-20 солагиаш бо Ҳитлер заду он ҷангро бурд.

Хостам чизе аз нигоҳу назарияиҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар ин мавзӯъ бинависам, аммо дертар фаҳмидам, ки ин кор бефоида аст, чун ҳар назарияро мешавад рад карду ҳеч як ҳақиқати мутлақ буда наметавонад. Аз ин рӯ, тасмим гирфитам бо ҳамин содагӣ бардошти худро бинависам. Ҳоло чизе, ки оромам намегузорад ин аст, чаро бо ин ҳама донишмандӣ ҷанобашон то ин ҳад якҷониба назар додаанд ва ё чаро хостанд мардумро гӯл бизананд, ки ҳаминҳо хубанду шукр кунед? Ҳоло аз ин нигоҳ бояд як нафар ё навад дарсади тоҷикистониён таваллуд шаванд ба воя бирсанд ва бимиранд. Он шароитеро, ки ҳукумати диктатории мо ё кишварҳои дигари собиқшуравӣ барои шаҳрвандон фароҳам оварданд, шароитест, ба қавле “бихӯру намур”. Ин ҳама мардум набояд чизе аз ҳукуматҳояшон бихоҳанд, чун онҳо доранд таҳкурсӣ месозанд. Ин бечораҳо, ки дигар аз нав ҷавон намешванд ва аз нав таваллуд ҳам намешаванд, ки пас аз сад сол ё чанд соле, ки Шумо таҳкурсиро бисозед, дигарбора дар як шароити беҳтаре як зиндагии дигаре дошта бошанд. Ин ҳамон чизест, ки ахиран марудми Белорусро ба майдонҳо овард ва аз раисҷумуҳурашон хостанд то биравад. Мардум мехоҳанд он зинадгии хубро ҳоло дошта бошанд ва хостан ҷавонҳо, ҳоло, ки ҷавонанд, на ҳангоми мурдан ё пас аз он. Яке аз беҳтарин кишвварҳои пасошуравӣ шояд ҳам боз ҳамин Белорус бошад. Аммо дар баробари кӣ? Тоҷикистон? Қирғизистон? Ё бисёр лутф кунем Қазоқистон? Белорусҳо аз кишварҳои зикршуда камтар дидан мекунанд, онҳо бештар Русия ё Лаҳистону Литваро барои дидан авлотар медонанд. Ҳангоми бозгашт ба кишварашон онҳо чиро мебинанд? Чанд даҳсола ақибмонадгӣ ва ҳама ба номи президент. Чизе, ки пештар Украинҳоро низ водор сохт то “майдондорӣ” бикунанд. Ба он хотир, ки ин се кишвар тақрибан бо шароит ва иқтисоди мушобеҳ чанд сол дар байн мустақил шуданд ё аз банди Комунист раҳо ёфтанд. Манзурам Лаҳистону Укроину Белорус. Он замон Лаҳистон яке фақиртарин кишварҳои Урупо .

Шояд Украину Белорус як вазъи беҳтаре дошатнд, чун дар замони шуравӣ бештари корхонаҳои истеҳсолотии бузурги СССР дар ҳамин кишварҳо сохта мешуду тамоми СССР-ро онҳо таъмин мекардадн. Дар соли 1990 дар Лаҳистон ислоҳоти иқтисодӣ гузаронданд ва ҳоло ин кишвар ба шашум кишвари иқтисодии Урупо табдил ёфта. Сӣ сол кифоя буд, ки ин кишвар ҳам таҳкурсӣ бисозад ва шароити хубе барои шаҳрвандонаш фароҳам биоварад. Акнун дар  давлати Лаҳистон маоши ҳадди ақал 600 евро буда, ин кишвар мехоҳад дар се соли баъдӣ онро ба андозаи кишвари Олмон баробар кунад, то битавонад қувваи кориро дар худ нигаҳ бидорад. Даромади миёнаи сокинон хосатан дар шаҳрҳои калон 1200 евро аст, дар ҳоле, ки маҳсулоти истеъмолӣ дар қиёс чандон гарон нест. Барои мисол ба як оилаи иборат аз се нафар 300 евро кифоя аст, ки бо шумули истеъмоли ҳамарӯза гушту мева, хурок бихӯрад. Барои мисол аз ҳама гӯшти гаронтарин, он ҳам ҳалол 4 евро нарх дорад. Ҳоло он ки гӯштҳои маъмулӣ ба маротиб арзонтар аст. Дар Литва, кишвари дигари собиқ Шӯравӣ маоши ҳадди ақал 607 евро мебошад. Ба ҳамин минвол бо фарқи каму беш боқӣ кишварҳои Балтиқ, ки онҳо низ аз ҳамон Шӯравӣ раҳо ёфтанду дар аввали кор роҳро ба сӯи демократия гирифтанд. Чаро ба онҳо сӣ сол лозим наомад то таҳкурсӣ бисозанд? Ҳоло мешавад давом дод, аммо…

Дар муқобил Украину Белорус бо он ҳукуматҳои зернуфузи Русия, чи ояндаеро доштанд. Лукашенко бештар аз ин қодир нест, ки барои Белорус бидиҳад. Ҳар чизе дошт дар ҳамон даҳ соли аввал дод. Ва иқтидори як шахс ҳам ҳамин аст. Ҳамин суолро аз дӯсти Укроиниам кардам, ки чӣ гириҷтед аз он иниқилобе, ки кардед? Ҷвобаш ҷолиб буд.

Бубин! Мардум на пеш аз инқилоб ҳоли хуб дошт на ҳоло, аммо он замон як табақа дар атрофи раҳбарият шонс дошт то рушд кунад, ҳоло бошад ҳама ин шонсро доранд. Ва акунун вобаста аз худи мардум аст, ки кадом самтро интихоб мекунанд. Фарқ ҳамин! Парашенко натавонист имконияти рушдро барои ҳама яксон фароҳам кунад. Ҳоло Зеленский омадааст агар ин шароитро фароҳам орад хуб, дар акси ҳол ё курсиро холӣ мекунад ва ё ҳаддиақал мардум ҷуръатеро дар худ пайдо кардааст, ки барои беҳтар зистан муборзаи солим барад. Фикр мекунам мардуми ба хиёбонрехтаи Белорус ҳам ин чизро мехоҳанд. Шонсро, чизе, ки ҳоло танҳо дар атрофи роҳбарону хешу таборашон мунҳасир шуда!

Барои заминҳо чизе намегуем, чун бо диктотур ҳам 5,5 дарсади Тоҷикистонро гирифтанд ва марз ҳар рӯз аз тарафи сокинони Қирғизистон таҷовуз мешавад. Толиб бошад аз даруни марзи Тоиҷикистон молу чорвои вазири амнияташро мебарад.

Дар иваз диктотурҳо чи чизе барои миллату марудм боқӣ мондаанд? Ҷанг!

На мардуми ба хиёбонҳобаромадаи Белорус ва на мардуми чанд сол пеш дар Сурияву Либия ҷангро намехостанд. Онҳо мехостан шонс дошат бошанд. Ин ҳамин диктаторон ҷангро болои онҳо оварданд. Ва рӯи рост таҳдид ҳам мекунанд, “бо хун омадем бо хун меравем”, барои касе чизи нав нест ё чизе нест нашунида бошад. Ҳоло бояд даҳсолаҳо ҳама таҳқиру зулм ва нози онҳоро бардошт то ҳамон амнияти нисбие, ки дорем ҳифз шавад. Ин албатта дигар ихтиёри мардум аст, ки бо ин воқеъият дар биёяд ё барзидди он бишӯрад. Аммо ин аст воқеияти диктотурон. Ҳоло диктотур чӣ гуна барои давлат таҳкурсӣ месозад?

Чун бояд  бигӯем ҳама гуна давлат аз мардуму сарзаминаш иборат ҳастанд ва ин ду омил шарти муҳимтар аст барои ҳастии як давлат, зеро бо ҳазфи яке аз ин ду, давлат наметавонад вуҷуд дошта бошад. Дар ҳоле шарти будани ҳукумат барои ҳастии давлат масъалаи баҳсист.

Аммо ин диктотурон чи коре барои ин ду  анҷом додаанд, ки аз таҳкурсии давлат бигӯем. Амният танҳо амняти диктотур аст на давлат. Ва ҳама чизро танҳо дар атрофи ӯ барои ӯ ва номи ӯ сохтаанд, на давлат. Ё як туда мардуми чоплус чӣ гуна метавонад дар оянда кишвардорӣ бикунанду давлати озод боисозанд дар ҳоле ҳатто озод фикр кардан наомухтанд? Ва ахиран, оё диктотурон рӯзе аз қудрат сер шудаву ба ихтиёри худ хоҳанд рафт? Ҳофиз мурд Башшор омад, намунаи бадтар аз аввалӣ аст, ҷуз чанд солаки оғози кораш. Туркманбоши мурд Бердимуҳаммадов омад…

Муҳимтар аз ҳама, агар сабру таҳаммуле дар чунин ҷомеаҳо зарурт бошад, пас чӣ қадр, чанд сол? Ва агар ҳам пас аз даҳ сол мардум хестанд бар зидди ҳамин диктотур ё фарзандаш пас он вақт ҷанг нахоҳад шуд?

Муҳаммадашарифи Абдуллоҳ рӯзноманигор.

Аз идораи сомона: Назару андешоаҳои дар матлаб зикргардида андешаҳои шахси муаллиф буда баёнгари мавқеи сомонаи “Аздо тв” нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.