Доди муҳоҷирон аз дасти коркунони консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия

Акс аз навори фиристодаи муҳоҷирон

Муомилаи дурушти масъулони корпуси дипломатии Тоҷикистон муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар Русияро сахт нигарон нигарон кардааст. Муҳоҷирон бо ирсоли чанд навор ба Идораи “Аздо тв” аз рафти ба қайдгирии мусофирон дар фурудгоҳ барои парвоз ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда мегӯянд, ки он имтиёзе, ки бояд барои пиронсолону беморон дода шудааст, умуман риоят намешавад.

Муҳоҷирон бо ирсоли нома ба идораи “Аздо тв” шикоят карда, мегӯянд, ки мо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дармондаем мехоҳем ба Ватан баргардем. “Чандин маротиба ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон занг мезанем, аммо ба мо ҷавоб намедиханд. Мо ҳатто ба консулгарии шаҳри Уфа барои ба Ватан баргаштан ариза додаем, кӯдакони хурдсол хурдсол дорем, мехоҳем ба Ватан баргардем, аммо онҷо низ ба мо ҷавобе намедиҳанд”, – мегӯяд манбаъ.

Ба гуфтаи ин муҳоҷирон дар консулгарӣ иддао мекунанд, ки аввал кӯдакону пиронсолон бояд бурда шаванд, аммо чӣ гунае, ки дар наворҳояшон дида мешавад, воқеияти кор ба навъи дигар аст.

Манбаъ ба “Аздо тв” гуфт, ки дертар мо фаҳмидем, нафаре, ки масъули бақайдгирии шаҳрвандон аст, дар асл аризаҳои муҳтоҷонро ба инобат нагирифта билетҳоро ба нафарони серпул ва даркории худашон мефурушанд. Онҳо мегӯянд, ба ин масъул занг мезананд, вале ӯ ба зангҳояшон ҷавоб намедиҳад ва ракамҳояшро иваз кардааст. Ин нафарон ба хотири амнияташон аз бурдани ном худдорӣ мекунанд ва мепурсанд, наворҳоро дида худатон хулоса бароред, ки куҷоянд занҳо бо кудакону пирон ва касоне, ки бо аробаи маъюбӣ ба фурудгох омадаанд? Ба онҳо касе билет намефурӯшад ва ҳамаи онҳо саргардон шуда, бозпас мегарданд.

Муҳоҷирон дар поён менависанд, ки аз Шумо хоҳиш, ба доди мардум бирасед ва ин наворҳоро нишон бидиҳед то ба гуши ҳукуматдорон расад. Онҳо мепурсанд, ки пеш аз интихоботи президентӣ бо чунин намояндагон ва масъулони давлат чӣ гуна мешавад мардумро ба ҳукумат дилгарм кард?

Назари масъулони консулгарӣ ба ин шикояти муҳоҷирон ҳоло дарстрас нашудааст.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз нимаи дуввуми моҳи март бо сабаби коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ин сабаб шуд, ки шаҳрвандони зиёде ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд дар Русия банд монанд. Дертар парвозҳои чартерӣ ташкил шуд ва гуфта мешуд қимати билетҳо аз 23 то 24 ҳазор рубли русӣ мебошад, аммо худи муҳоҷирон ин даъвои мақомторо рад мекнунанд ва мегӯянд, билетҳоро аз 34 – 36 ҳазор рубл  ва бештар аз он харидорӣ кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.

Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа як рӯҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд.