Ҳуқуқ

Додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон фосидтарин раис дар Тоҷикистон дониста шуд

Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруписияи Тоҷикистон мегӯяд, ки додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон фосидтар раҳбар дар кишварамон шинохта шудааст.

Имрӯз, 17-уми феврали соли 2023, Султонзода Сулаймон, раиси Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруписияи Тоҷикистон дар нишасти солонааш гуфт, ки соли гузашта корхонаи зери раҳбарии додарарӯси Президенти Тоҷикистон фасодзадатир ширкат шинохта шудааст.

Ба гуфта Сулаймон Давлатзода, дар вақти тафтиши ҳуҷҷату санадҳо дар ширкати алюминийи тоҷик "ТАЛКО", ки муддати беш аз 15 сол ин ҷониб зери раҳбарии Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон амал мекунад, зиёда аз 28 миллион сомонӣ зарар ба буҷаи давлатро ошкор кардааст. Дар бораи ҳаҷми дигар пулҳои ошкорнашудаи ин ширкат, ки ҳуҷҷату санадҳои онҳо дар ҳоли таҳқиқ қарор доранд, чизе нагуфтааст.

Гуфта мешавад, ошкор шудани ин қадр пул танҳо дар яке аз корхонаҳои зери раҳбарии Ҳасан Асадуллозода дар ҳоле аз забони раиси Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруписияи Тоҷикистон садо медиҳад, ки чанд рӯзе пеш раиси ширкати "Барқи тоҷик" гуфта буд, қарзи ширкати алюминийи тоҷик "ТАЛКО" дар назди ин ширкат наздик ба 500 миллион сомонӣ расидааст.

Дар акс, Тоҷиддин Пирзода, раҳбари "Тоҷиксодиротбонк", Ҷамшед Зиёев, раҳбари "Тоҷпромбонк", Ҳасан Асадуллозода, раҳбари "Ориёнбонк" ва Муродалӣ Алимардон, раҳбари "Агроинвестбонк". Акс аз Азия Плюс

Аз сӯи дигар, аҳволи дигар корхонаву ширкатҳои зери раҳбарии Ҳасан Асадуллозода низ дар Тоҷикистон, аз он ҷумла "Ориёнбонк" чандон хуб нест ва бархе коршиносон мегӯянд, ки чун бонкҳои дигар афроди оила бузургтар шудаанд, миллиардҳо сомонӣ пасандозҳои мардум ва ширкатҳо дар "Ориёнбонк" дар маърази хатар қарор доранд.

Бадном кардани номи Ҳасан Асадуллозода, раҳбари ширкати алюминийи тоҷик "ТАЛКО" тавассути мақомоти расмӣ, аз ҷумла раиси ширкати "Барқи тоҷик", раиси Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруписияи Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ амалан як занги хатар ба мардум ва сармоягузорону пасандоздорон дар "Ориёнбонк" аст.

Ва ба гуфтаи онҳо, ин бонки Ҳасан Асадуллозодаро ҳам сарнавишти "Агроинвестбонк"-и Муродалӣ Алимардонов, "Тоҷиксодиротбонк"-т Тоҷиддин Пиров, "Тоҷпромбонк"-и Ҷамшед Зиёев ва пеш аз онҳо сарнавишти "Фононбонк"-и Самихон Қурбонов интизор аст.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Ҳуқуқ

Ҳуқуқ

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ озодии Хуршед Фозиловро талаб доранд

Ҳуқуқ

Мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳи Шамсиддин дар Душанбе

Ҳуқуқ

Кабирӣ: Раҳмон ба Амрико ва Аврупо даъвати расмӣ нашудааст

Ҳуқуқ

Мухолифон: Мо сафари Раҳмон ба Олмонро лағв кардем