23.9 C
Dushanbe

Додгҳое дар Белгия дипломати эрониро ба 20 соли зиндон маҳкум кард

Додгоҳе дар Белгия Асадуллоҳ Асадӣ, дипломати сафорати Эрон дар Венаро бо гумони қасди бомбгузорӣ кардани раҳпаймоии созмони “муҷоҳидини халқ” дар Порис айбдор кард ва ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳукумати Эрон ва вакили дифои Асадӣ гуфтанд, ки бинобар рисолати дипломатии ӯ, додгоҳ салоҳияти эълон намудани ҳукмро нисбати Асадӣ надорад.

Аммо Додгоҳи “Antwerp” гуфт, ки Асадӣ масунияти дахлнопазирии дипломатӣ дар кишвари намояндагияш дар Утриш (Австрия)-ро дорад, вай дар Олмон боздошт ва дар Белгия муҳокима карда шуд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода гуфт, ки “Ҷумҳурии Исломии Эрон эълони додгоҳи Белгия дар Антверпенро, ки Асадуллоҳ Асадӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст, шадидан маҳкум мекунад”.

Дар идома Саид Хатибзода қайд кард, ки “тавре ки мо қаблан изҳор карда будем, ҳама марҳилаҳои боздошти ҷаноби Асадӣ, ҷараёни додгоҳӣ ва ҳукми ахир ғайриқонунӣ ва хилофи қонунҳои байналмилалӣ, алахусус Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатии соли 1961 аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон онро ба ҳеҷ ваҷҳ эътироф намекунад”.

Вай гуфт, ки ин ҳукм зери таъсири Созмони Муҷоҳидини Халқ қарор дорад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳуқуқ дорад, ки барои таъмини ҳуқуқҳои Асадуллоҳ Асадӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳукуматҳо барои нақзи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ба ҳама василаҳои ҳуқуқӣ ва дипломатӣ муроҷиат кунад.

Додгоҳе, ки дар он ин дипломати Эронӣ муҳокима шудааст гуфт, ки Асадӣ мехост, дар ҳодисаҳои моҳи июни соли 2018 дар раҳпаймоии Шӯрои миллии муқовимати Эрон, ки як созмони мухолифи режими Теҳрон аст, ҳамла анҷом диҳад.

Ҳамчунин ҳамроҳи Асадӣ 3 нафари дигар ҳам ба зиндон маҳкум шуданд. Ин 3 нафари дигар, ки шаҳрвандии дугонаи Эрону Белгия доштанд, ба мӯҳлати аз 15 то 18 сол маҳкум ба зиндон шуда, шаҳрвандии Белгияашон лағв карда шуд.

NCRI: Аксҳои дипломати эронӣ Асадулло Асадӣ аз тарафи мақомоти амниятӣ дар Люксембург гирифта шудааст.

Ҳамлаи тарҳрезишуда дар як амалиёти муштараки нирӯҳои қудратии Фаронсаву Олмон ва Белгия хунсо шуд. Худи Асадулло Асадӣ, ки нахост дар додгоҳ ҳозир шавад, ҳангоми истироҳаташ дар Олмон дастгир ва ба Белгия таслим карда шуд.

Вакили ӯ Димитрий Де Беко гуфт, нафари зери ҳимояташ худро бегуноҳ меҳисобад, вале вакилони дифои эътирозгарон мегӯянд, дипломатҳо дар баробари иттиҳоми ҳамлаи террористӣ аз масуният бархӯрдор нестанд.

Ин бори аввал аст, ки як дипломати эронӣ барои чунин иттиҳом дар Аврупо маҳкум ба зиндон мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.