26.9 C
Dushanbe

Додгоҳ ҳукми Ғурбатиро низ бетағйир гузошт

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7,5 соли зиндони рӯзноманигори ҷавон Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузоштааст. Дар ин бора наздикони ӯ ба “Asia-Plus” хабар додаанд.

Мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ имрӯз, 16-уми декабр мисли мурофиаҳо гузашта дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе пушти дарҳои баста, бо иштироки вакили дифоаш баргузор гардидааст. Аммо ба пайвандону наздиконаш иҷозаи иштирок дар мурофиаро надодаанд.

Яке аз наздикони ин рӯзноманигори зиндонӣ мегӯяд, ки вакили дифоъ далелҳои заруриро пешниҳод кардааст. Аммо додрас онро ба назар нагирифта, ҳукми 7,5 соли зиндони Додгоҳи ноҳияи Шоҳмунсурро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ бетағйир гузоштааст.

Пайвандони Абдуллоҳ Ғурбатӣ қасд доранд аз болои ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳӣ – назоратӣ ва баъдан ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят баранд.

Пештар аз ин Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 10 соли зиндон бо ҷарима шудан барои Далери Имомалиро, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт содир карда буд, низ бетағйир гузошт.

Ҳуқми зиндони ин ду рӯзноманигор дар ҳоле бетағйир гузошта мешавад, ки ҳафтаи гузашта Гузоришгари вежаи СММ дар бораи ҳомиёни ҳуқуқ Мэри Лоулор зимни сафараш ба Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хоста буд, тафтишот одилона ва мурофиаи додгоҳии боз бо иштироки намояндагони ҷомеаи байналмилалӣ сурат бигирад.

Инчунин хонум Лоулор дар боздоштгоҳ бо ин рӯзноманигорон мулоқот намуда, гуфта буд, ки ин ду рӯзноманигор, хусусун Далер ба пизишк ва муоинаи тиббӣ сахт ниёз доранд.

Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ аз ҷониби мақомот 15-уми июни соли ҷорӣ боздошт ва баъдан алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шуд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябр ба ҳамла ва таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар гурӯҳҳои мамнуъ айбдор ва ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомот Далери Имомалиро 17-уми октябри соли ҷорӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор дониста, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон кард.

Ин ду рӯзноманигори шинохта иттиҳомоти мақомотро рад карда буданд. Ҳатто созмонҳое, ки ба узвият дар онҳо муттаҳам мешаванд, аз ҷумла ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” ҳамкорӣ бо ин рӯзноманигоронро рад карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.