24.9 C
Dushanbe

Додгоҳи Душанбе шикояти пайвандони Далери Имомалиро баррасӣ накардааст

Зинаи назоратии Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти пайвандони рӯзноманигори зиндонӣ Далери Имомалиро, ки 4 моҳ пеш ба ин ниҳоди қазоӣ пешкаш шуда буд, то ҳол онро баррасӣ накардааст. 

Яке аз пайвандони ин рӯзноманигори зиндонӣ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки пас аз 10 рӯзи бетағйир гузоштани ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе, онҳо барои бозбинии ҳукм ба зинаи назоратии Додгоҳи шаҳри Душанбе дархост пешниҳод кардаанд. 

Ба гуфтаи пайвандони Далери Имомалӣ, дар муддати 4 моҳ вакили дифоъ ду маротиба ба додгоҳ муроҷиат карда, аз натиҷаи баррасии дархост пурсидааст.

“Ду дафъа ҳам як посух буд: дида мебароем. Рӯзи дақиқро намегӯянд. Намедонем чаро онро баррасӣ намекунанд”, -мегӯяд яке аз наздикони ин рӯзноманигори зиндонӣ. 

Бо вуҷуди ин ҳама ноадолатиҳо ва бетағйир гузошта шудани ҳукми додгоҳу барраси нашудани он, ҳамоно Далери Имомалӣ “ба адолати додгоҳӣ дар зинаҳои болоии додгоҳ бовар дорад ва умедвор аст, ки зинаҳои болоӣ бегуноҳии ӯро эътироф мекунанд”.

Гуфта мешавад, Далери Имомалӣ яке аз 8 рӯзноманигорест, ки соли гузашта дар як амалиёти махсус аз ҷониби мақомоти кишвар боздошт шуда буданд. 

Ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки бештар аз мушкилоти ҷомеа мегуфту менавишт, дар замони фаъолияти блогериву рӯзноманигорияш чанд маротиба мавриди бозпурсии мақомот ва ҳатто лату кӯб қарор гирифта буд. 

Мақомоти кишвар Далери Имомалиро моҳи июни соли 2022 бо иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ, дурӯғпароканӣ ва узвият дар созмонҳои мамнӯъ боздошт ва 17-уми октябри ҳамон сол ба 10 сол зиндон маҳкум кард. Аммо худаш дар номае аз дохили боздоштгоҳ ҳамаи ин иттиҳомро рад карда буд.

Борҳо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии ҳуқуқ раҳоии Далери Имомалӣ ва дигар зиндониёни бегуноҳро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, аммо мақомомдорони тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида мегиранд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.