23.9 C
Dushanbe

Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ ҳукми боздошти Натанёҳу ва Галантро содир кард

Рӯзи панҷшанбе, 21-уми ноябри соли 2024 Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ (ДҶБ) ҳукми боздошти сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу ва собиқ вазири дифои ӯ Юов Галантро содир кард.

Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ, ки мақарраш дар шаҳри Лоҳаи Галандия аст, ин ду нафарро “муҷримони ҷанг” эътироф карда, мегӯяд, далилҳои зиёд ва “сабабҳои мантиқӣ” вуҷуд дорад, ки даст доштани ин ду нафарро дар ҷиноятҳои зидди инсонӣ ва куштори мардуми осоишта собит мекунад.

“Онҳо дар ҷиноятҳои зидди башарӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ ҳадди ақал аз 8-уми октябри соли 2023 то 20-уми майи соли 2024 даст доранд.”, омадааст дар қарори ДҶБ.

Ҳамзамон Додгоҳ таъкид мекунад, ки ин ду нафар қасдан ва бо манъи воридоти маводи ғизоӣ ба Ғазза “гуруснагиро ҳамчун силоҳ” зидди аҳолии он истифода бурдаанд.

Мақомоти Исроил ба ҳукми боздошти Натанёҳу ва Галант аз ҷониби Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ вокуниш карда, онро “яҳудиситезӣ” ва “шармовар” хонда, вале мегӯянд, судури чунин ҳукме “ғайриҷашмдошт набуд.”

Вазири амнияти миллии Исроил Итмар Бен-Ғафир дар вокуниш ба ин хабар таҳдид карда, ки акнун Исроил ба Каронаи Бохтарӣ бештар нуфуз пайдо хоҳад кард ва инчунин шаҳраксозиҳои худро дар заминҳои Фаластин тавсеа мебахшаду фишорро болои фаластиниҳо меафзояд.

Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷии Галандия Каспар Велдкамп ба “Ройтерз” гуфтааст, ки “мо омодаем ҳукми Додгоҳи ҷиноиро дар боздошти Натанёҳу ва Галант иҷро кунем.”

Инчунин масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҷозеф Боррел мегӯяд, қарори ДҶБ барои боздошти Натанёҳу ва Галант сиёсӣ нест, вале қобили эҳтиром ва илзомӣ аст ва бояд аз ҷониби тамоми кишварҳо ва шарикон иҷро шавад. Давлати Фаронса низ таъкид када, ки ДҶБ зомини истиқрори ҷаҳонӣ аст ва бояд ҳукми он аз ҷониби кишварҳо амалӣ гардад.

Аксари коршиносон ва таҳлилгарони минтақа ин ҳукмро “бузургтарин ҳукми сол” номида, мегӯянд, эҳтимол меравад дар пасманзари омадани Доналд Трамп ба сари қудрат дар Амрико ин ҳукм чандон таъсиргузор нахоҳад буд.

Судури ҳукми боздошти сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу ва собиқ вазири дифои ин кишвар Юов Галант дар ҳолест, ки аз 8-уми октябри соли 2023 то имрӯз бо сардории онҳо ҷанг дар Ғазза идома дорад ва то кунун беш аз 44 ҳазор аҳолии он ҷони худро аз даст додаанд, ки беш аз 70% онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон

Раҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон чанд санаду созишномаро ба имзор расонданд.

HRW: ИА бояд бо кишварҳои ОМ ҳуқуқи инсонро дар маркази муколама гузорад

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи ҳуқуқи башарро дар мадди аввал гузорад.

Ҷазои ҷиноӣ барои напардохтани пули барқ

Имрӯз, 27-уми март маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки вазирону раисон ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Иди Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри қароре рӯзи баргузории Иди Рамазонро дар қаламрави Тоҷикистон эълон кард.