Додгоҳи олӣ номи созмонҳои мамнуъро эълон кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон феҳристи бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва низ созмонҳои ҳаросафкане, ки фаъолияти онҳоро дар кишвар манъ кардааст, аз нав як бори дигар эълон намуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 27-уми майи соли 2024 сомонаи расмии Додгоҳи олии Тоҷикистон феҳристи ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳоиеро, ки “террористӣ- экстремистӣ” эълон карда ва фаъолияташонро дар кишвар мамуъ эълон кардааст, нашр кард.

Ба қавли манбаъ, “бо ҳалномаҳои Суди Олӣ 29 адад ҳизбҳо, гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳои” дохилӣ ва берунӣ, ки “ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида”, фаъолияти онҳо дар дохили Тоҷикистон манъ шудааст.

Аз ҷумла, дар ин феҳрист ҲНИТ, Паймони миллии Тоҷикистон, ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, Толибон, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Ҷамоати “Бародарони мусалмон” ДИИШ, “Ал-Қоида” ва чандин гурӯҳҳои дигар шомиланд.

Гуфта мешавад, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ҳоле ин феҳристро ба такрор аз нав як бори дигар дар сомонаи расмии худ нашр кардааст, ки пас аз қабули Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” дар Маҷлиси намояндагони кишвар, ки аз ҷумла пӯшидани ҳиҷоби занонро манъ кардааст, вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.