13.9 C
Dushanbe

Доди мардум аз дасти ришваситонҳои идоранишин

Як корманди беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан, ки нахост номаш ифшо шавад, ба “Аздо тв” муроҷиат намуда, аз бедодгариҳои сардухтури ин шаҳр шикоят дорад. Ӯ хост тариқи “Аздо тв” мушкилоти бисёр ҳам ҷиддии соҳаи тандурустиро дар шаҳри Истаравшан ба гуши масъулон ва мақомҳои болотар бирасонад.

Ин корманд мехоҳад аз тариқи расонаи кардани ин маълумот мардумро аз макру ҳилла ва ришваситонии масъулони бемористони шаҳри  Истаравшан огоҳ кунад. Ӯ мегӯяд:

“Салом, дар мо навигарӣ шуд ва сардухтур аз кор рафт, як табиби кардиолог ҷои ӯро гирифт. Ба ҷои сардухтури пешин Обидов, сардухтури нав Чулиев Далер омад. Аммо ин сардухтури нав ҳам аз пешин чандон фарқияте надорад. Ин ҳам порахуриро шуруъ кардааст, вақте масъулони Мубориза бо корупсия меоянд, бар ивази тафтиш кардан “ҳақашон”-ро гирфта мераванд.

Ҳар як шӯъба мудир дорад, масалан шӯъбаи бемориҳои пӯст, ҷарроҳӣ ва ғайра. Ҳармоҳ мудирон пули моҳона насупоранд наметавонанд мудир бошанд. Онҳо дар ин вазифаҳо бо додани маблағ меистанд, ки он маблағ аз ҳазор то ду ҳазор сомонӣ мебошад.

Сардухтури нав аллакай худро гум карда бо хавои баланд ва дағалона бо коргарон суҳбат мекунад. Чи қадар бевиҷдону порахӯрон бисёр шудаанд. Чизи аламовар аз ҳама ин аст, ки мо коргаронро касе эҳтиром намекунад ва бештар ба ғуломон шабоҳат дорем. Нарху наво дар бозор гарон аст барои хариди ашёи зарурӣ маоши мо намерасад.

Охираш чӣ мешавад намедонам. Бемор бисёр ва маргумирҳам дар беморхона ҳамарӯза меафзояд. Калонҳо зиёд парво ҳам надоранд, мо коргарон маошамон дар зидагӣ намерасад, аммо барои гирифтани “медкнижка” боз сад то дусад сомониамонро кашида мегиранд. Арзамонро ба кӣ гӯем намедонем. Намодонем, ки чаро моро касе гӯш намекунад. Ин бетамизон мардумро тарсӯ кардаанд, дигар касе барои ҳаққашро талаб кардан ҷуръат надорад”.

Ин маълумот ҷои дигаре тасдиқ нашудааcт. Ва посухи худи сардухтурро ҳоло дарёфт накардем. Аммо аз дигар манобеъ бароямон маълум гашт, ки ҳар корманди идораву корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон бояд ҳар шаш моҳ аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Манбаи мо, ки худ корманди яке аз бемористонҳо дар кишвар аст, мегӯяд, беш аз 90 дарсади кормандон дар асл аз ташхис намегузаранд, вале бо додани то 200 сомонӣ дафтарчаи “ташхиси тиббӣ”-ро оварда ба дасташон медиҳанд. Ба гуфтаи манбаъ, маблағи ин ҳама ба ном ташхисҳо ба ширкати “Фароз”, ки мутааллиқ ба додомоди раисҷумҳур Шамсуллоҳ Соҳибов аст, гузаронида мешавад.

Дар ҳамин ҳол манобеи дигар дар суҳбат бо “Аздо тв” иброз доштанд, ки ҳатто дар ин шабу рӯзҳо дар фурудгоҳҳои Русия тоҷиконе, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд аз ҷониби масъулон водор мешаванд, ки барои надоштани вируси Covid-19 аз ташхиси тиббӣ гузаранд, вале дар асл аз онҳо то 2000 рубл меситонанду бидуни ҳеч ташхисе барои сафар иҷозаташон медиҳанд.

Дар Тоҷикистон фасод ва ришва дар байни масъулон дар сатҳҳои гуногуни давлатӣ хеле рушд карда ва Тоҷикистон дар байни фасодзадатарин кишварҳои дунё қарор дорад. Дар солҳои ахир вазъ боз ҳам бадтар мешавад. Феҳрасти Transparency International сатҳи дарки фасод дар соҳаҳои давлатии кишварҳои гуногунро чен карда дар охирон раддабандиаш аз 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон-ро дар ҷои 161-ум қарор дода.

Ин ҳам дар ҳолест, ки  соли 2015 Тоҷикистон дар мақоми 136-ум қарор дошт. Поёнтар аз Тоҷикистон дар сатҳи фасод кишварҳое мисли Чад, Эритрея, Ироқ, Туркманистон, Венесуэла ва Кореяи Шимолӣ қарор доранд.Хариду фуруши ба қавле вазифаҳои равғанин дар Тоҷикистон изи наве нест.

Болоравии нарху наво ва маоши ночиз дар кишвар нигаронии сокинонро ҳамарӯза бештар мекунад. Ахиран Радиои Озодӣ навишт, ки ҳатто ҳамин нархи таппак, ки дар Тоҷикистон ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунанд, боло рафтааст. Нархи як донаи ин намуди сузишворӣ ки пештар 50 – 60 дирам қиммат доштааст, ҳоло ба як-якуним сомонӣ шудааст. Бархе аз сокинон гуфтанд, боло рафтани қимати ин навъи сӯзишворӣ ба буҷаи онҳо бетаъсир намемонад. Ҳамин гуна нархи ангишт ҳам бамаротиб боло рафт.

Пештар сокинон аз минтақаҳои гуногун ва аз ҷумла ноҳияи Рашт ба “Аздо ТВ” гуфта буданд, ки конҳои ангишти ноҳияро ширкати “Фароз” аз худ карда ба онҳо ангишт намефӯрушад. Дертар ин ширкат ба фурухтани ангишт шуруъ кард ва нархҳоро ба маротиб боло бурд.Ҳоло дар тамоми кишвар нархи ангишт боло рафта аст. Ба навиштаи Озодӣ “Агар соли гузашта як халта ангишти 25-килоӣ то назди хона 13 сомонӣ мешуд, ҳоло 21 сомонӣ аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.