Дар ин муроҷиат ҳамчунин гуфта мешавад, ки хонаводаи Маҳмадалӣ Ҳаит ба таври хаттӣ ба сардори СИҶ ВА Мансурҷон Умаров, Додситонии кулл ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон муроҷиат карда, аммо ҳеҷ посухе дарёфт накардааст.
“Дар мулоқоти охир Маҳмадалӣ Ҳаит аз вазъи саломатиаш шикоят мекард ва мегуфт, ки ӯро махсус дар ҳуҷрае бо як қотил ҷо додаанд ва он қотил ҳамеша мекӯшад низоъ барангезад. Маҳмадалӣ Ҳаит ба раҳбарияти зиндон муроҷиат кард, то ӯро ба ҳуҷраи дигар гузаронанд, чун ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад. Раҳбарияти зиндон дархости ӯро рад кард” — навиштаанд ҳамсару фарзанди Ҳаит.
Онҳо изҳори нигаронии шадид аз он кардаанд, ки ҳодисае бо сардори хонаводаашон рух додааст ва мақомот барои ифшо нашудани он иҷозаи мулоқот намедиҳанд.
“Шумо хуб медонед, ки парвандаи Маҳмадалӣ Ҳаит сиёсӣ аст. Бо заҳмату кӯшишҳои шумо қатъномаи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар бораи Маҳмадалӣ Ҳаит қабул шуд. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин ҳуҷҷатро эътироф накардаанд ва нияти амаль кардани талаботи онро надоранд, мо умедворем, ки шумо аз талаби иҷрои бечуначарои он даст намекашед” — омадааст дар идома.