Додситонӣ аз ҷузъиёти қазияи Мадина Маҳмадҷонова хабар дод
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8-уми декабр бо нашри як хабарномае аз ҷузъиёти парвандаи пурсарусадои Мадина Маҳмадҷонова хабар дод. Акс: Интернет Дар хабарнома гуфта мешавад, тафтишот муайян кард, ки Давлатова Азиза аввалҳои соли 2020 аз муносибати маҳрамонаи шавҳараш Давлатов Лутфулло бо Мадина Маҳмадҷонова огоҳ шуда, аммо моҳи июни соли 2021 хабардор мешавад, ки онҳо бо ҳам […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8-уми декабр бо нашри як хабарномае аз ҷузъиёти парвандаи пурсарусадои Мадина Маҳмадҷонова хабар дод.
Акс: Интернет
Дар хабарнома гуфта мешавад, тафтишот муайян кард, ки Давлатова Азиза аввалҳои соли 2020 аз муносибати маҳрамонаи шавҳараш Давлатов Лутфулло бо Мадина Маҳмадҷонова огоҳ шуда, аммо моҳи июни соли 2021 хабардор мешавад, ки онҳо бо ҳам ақди никоҳи мусалмонӣ баста ва шавҳараш мақсади аз ӯ ҷудо шуданро дорад. “Аз ин ҳолат, вазъи равонии ӯ бад шуда, дар ботинаш қасди аз ҳаёт маҳрум намудани Мамадҷонова М.А. пайдо шудааст.”
Ҳамчунин дар идома гуфта мешавад, ки Давляатова Азиза “бо гумони он, ки шавҳараш Давлятов Л.Д. дар манзили истиқоматии Мамадҷонова М.А. қарор дорад ва аз ҳиссиёти рашк бо автомашинам шахсиаш тамғаи «Бехиз КХ-350», рақами қайди давлатиаш 0009 ЕН/01 ба назди манзили истиқоматии охирин омада, автомашинам хизматии шавҳарашро пайдо кардааст. Тахминан соати 13:40 дақиқа ба шавҳараш занг зада, хабар додааст, ки ӯ аз ҳолати дар хонаи Мамадҷонова М.А. буданаш огоҳ буда, дар назди автомашинааш интизор мебошад. Мамадҷонова М.А. ба назди Давлятова А.Т. омада фаҳмонидааст, ки шавҳараш дар хонаи ӯ қарор надорад. Давлятов Л.Д. аз манзили истиқоматии Мамадҷонова М.А. баромада, ба воситаи автомашинам мусофиркашонӣ ба ҷойи кораш рафта, тахминан соати 14:18 дақиқа ба воситаи телефон ба Давлятова А.Т. хабар додааст, ки дар ҷойи кораш қарор дорад.”
Додситонии кулли кишвар мегӯяд, пеш аз иҷрои нақшаи ба ҳалокат расондани Мадина, Давлатова Азиза ӯро дар мошини худ савор карда чанд соат бо ҳам дар кӯчаҳои шаҳр сайру гашт намуда, аз мушкилоти рӯзгори ҳамдигар нақл кардаанд. Ва Азиза аз ин фурсат истифода бурда, мошинро ба тарафи Варзоб меронад ва дар як ҷои беодам медорад. “Давлятова А.Т. аз ҳиссиёти рашк Мамадҷонова М.А.-ро дар дохили автомашина лату кӯб намуда, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудан, бо гиребони куртаи дар тан доштаи Мамадҷонова М.А. гулӯи охиронро буғӣ карда, муҳлати бештар аз панҷ дакиқа роҳи нафасашро банд кардааст. Баъди аз ҳуш рафтан ва беҳаракат гаштани Мамадҷонова М.А. аз фаро расидани марги охирон боварӣ ҳосил карда, ба шавҳараш Давлятов Л.Д. ва дигар наздиконаш дар бораи ҳодисаи рухдода хабар додааст.”
Баъд аз ин ҳодиса мақомот нисбати Давлятова Азиза бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тодикистон парванда боз кард ва рӯзи 28-уми декабр Додгоҳи Олии кишвар ӯро бо ҳамин модда гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои мҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 11 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъйин кард. Аммо бо татбиқи қонуни авф аз ҳукми ӯ як сол кам карда шуд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.