Ҷомеа

Додситонӣ аз ҷузъиёти қазияи Мадина Маҳмадҷонова хабар дод

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8-уми декабр бо нашри як хабарномае аз ҷузъиёти парвандаи пурсарусадои Мадина Маҳмадҷонова хабар дод.

Дар хабарнома гуфта мешавад, тафтишот муайян кард, ки Давлатова Азиза аввалҳои соли 2020 аз муносибати маҳрамонаи шавҳараш Давлатов Лутфулло бо Мадина Маҳмадҷонова огоҳ шуда, аммо моҳи июни соли 2021 хабардор мешавад, ки онҳо бо ҳам ақди никоҳи мусалмонӣ баста ва шавҳараш мақсади аз ӯ ҷудо шуданро дорад. "Аз ин ҳолат, вазъи равонии ӯ бад шуда, дар ботинаш қасди аз ҳаёт маҳрум намудани Мамадҷонова М.А. пайдо шудааст."

Ҳамчунин дар идома гуфта мешавад, ки Давляатова Азиза “бо гумони он, ки шавҳараш Давлятов Л.Д. дар манзили истиқоматии Мамадҷонова М.А. қарор дорад ва аз ҳиссиёти рашк бо автомашинам шахсиаш тамғаи «Бехиз КХ-350», рақами қайди давлатиаш 0009 ЕН/01 ба назди манзили истиқоматии охирин омада, автомашинам хизматии шавҳарашро пайдо кардааст. Тахминан соати 13:40 дақиқа ба шавҳараш занг зада, хабар додааст, ки ӯ аз ҳолати дар хонаи Мамадҷонова М.А. буданаш огоҳ буда, дар назди автомашинааш интизор мебошад. Мамадҷонова М.А. ба назди Давлятова А.Т. омада фаҳмонидааст, ки шавҳараш дар хонаи ӯ қарор надорад. Давлятов Л.Д. аз манзили истиқоматии Мамадҷонова М.А. баромада, ба воситаи автомашинам мусофиркашонӣ ба ҷойи кораш рафта, тахминан соати 14:18 дақиқа ба воситаи телефон ба Давлятова А.Т. хабар додааст, ки дар ҷойи кораш қарор дорад.”

Додситонии кулли кишвар мегӯяд, пеш аз иҷрои нақшаи ба ҳалокат расондани Мадина, Давлатова Азиза ӯро дар мошини худ савор карда чанд соат бо ҳам дар кӯчаҳои шаҳр сайру гашт намуда, аз мушкилоти рӯзгори ҳамдигар нақл кардаанд. Ва Азиза аз ин фурсат истифода бурда, мошинро ба тарафи Варзоб меронад ва дар як ҷои беодам медорад. “Давлятова А.Т. аз ҳиссиёти рашк Мамадҷонова М.А.-ро дар дохили автомашина лату кӯб намуда, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудан, бо гиребони куртаи дар тан доштаи Мамадҷонова М.А. гулӯи охиронро буғӣ карда, муҳлати бештар аз панҷ дакиқа роҳи нафасашро банд кардааст. Баъди аз ҳуш рафтан ва беҳаракат гаштани Мамадҷонова М.А. аз фаро расидани марги охирон боварӣ ҳосил карда, ба шавҳараш Давлятов Л.Д. ва дигар наздиконаш дар бораи ҳодисаи рухдода хабар додааст.”

Баъд аз ин ҳодиса мақомот нисбати Давлятова Азиза бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тодикистон парванда боз кард ва рӯзи 28-уми декабр Додгоҳи Олии кишвар ӯро бо ҳамин модда гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои мҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 11 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъйин кард. Аммо бо татбиқи қонуни авф аз ҳукми ӯ як сол кам карда шуд.

Қазияи бераҳмона лату кӯб шудани Мадина Маҳмадҷонова аз ҷониби Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфулло Давлатов дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.

Гуфта мешавад, баъд аз буғии сахт шудан Мадинаи 32-сола наздики 4 моҳ дар бемористон дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт ва 15-уми декабр дар бемористон даргузашт.

Мақомот қазияи мазкурро дар марҳилаи аввал баъд аз тафтиш пӯшонд ва мувофиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 7 сентябри соли ҷорӣ тафтиши парвандаро қатъ кард. Танҳо пас аз вокунинши тунди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ шахсан ба қазияи латукӯби бераҳмонаи Мадина ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор дахолат кард ва таҳқиқи қазия аз нав гирифта шуд.

Пас аз шуруъи дубораи парванда 3-4 мақомдори сохторҳои қудратӣ - муовни додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, чанд масъули ШВКД-и ҳамин ноҳия барои хунукназарӣ нисбати ин парванда аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Қазияи Мадина Парвиз Давлатов (Давлятов Лутфулло)-ро низ барои 8 сол равонаи зиндон кард. Аммо рӯзи 14-декабр бо татбиқи Қонуни афв ҳукми ӯ ба 5 солу 4 моҳ кам карда шуд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Ҷомеа

Ҷомеа

Билетҳо аз Тоҷикистон ба Русия арзон мешаванд?

Афғонистон

Ҳалокати беш аз 20 нафар бар асари зилзила дар Афғонистон

Ҷомеа

Муҳлат ба охир мерасад. Боз саргардонии муштариёни ширкатҳои мобилӣ

Ҷомеа

Раиси ВМКБ Муҳаммадбоқирро "раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ" хонд