Додситонии кул: Ҷавонони тоҷик дар Русия ифротӣ мешаванд на дар Тоҷикистон

Додситонии кулли кишвар бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия рафта, дар онҷо тундгаро ва ифротӣ мешаванд ва бо роҳи фиреб ба он гурӯҳҳо ҳамроҳ мешаванд.

Ин суханҳо рӯзи 29-уми октябри соли ҷорӣ дар як конфронси ҷумҳуриявие, ки бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, садо дод.

Тавре Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар медиҳад, нишасти мазкур зери унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ” доир гашта, дар он намояндагони давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмиливу ҷамъиятӣ ва олимону коршиносон ширкат карданд.

Дар ин нишаст намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон Саъдулло Хоҷазода зимни суханронияш гуфта, ки Русия кишварест, ки роҳи муҳоҷирони кории шаҳрвандони Тоҷикистонро барои пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ боз кардааст.

“Азия-Плюс” менависад, ки ин намояндаи Додситонии кулли кишвар гуфт, “аз Русия ҷалб кардани ҷавонон, бахусус онҳое, ки бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар рафтаанд ва маърифти ҳуқуқияшон дар сатҳи паст қарор дорад, барои гуруҳҳои ифротӣ нисбатан осонтар аст.”

Ӯ ҳамчунин бо нигаронӣ иброз дошта, ки “Барои онҳо маблағи ночиз пардохт карда, имтиёзҳо ваъда медиҳанду бо фиребу найранг ҷавононро ифротгаро месозанд.”

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар нишаст ҳамчун роҳҳал пешниҳод карда, ки “бо баланд бардоштани маърифти ҳуқуқии шаҳрвандон метавонем пеши роҳи шомилшавии шаҳрвандонро ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ” ва созмонҳои ҷиноятӣ бигирем.

Дар ин конфронс бархе коршиносон назари Хоҷазодаро рад карда, гуфтаанд, ки Русия сабаби аслии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ нест, балки бетаҷрибагӣ ва камсаводии худи онҳо низ сабаби асосии чунин корҳост.

Давоми як соли ахир дар ҷандин амалиёти террористӣ дар кишварҳои Эрон, Туркия, Русия ва Афғонистон омилони асосӣ шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта шудаанд. Аз ҷумла, пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус Сити Ҳолл” беш аз 10 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд. Мақомоти Русия пас аз ин ҳодиса вазъи муҳоҷирони кории тоҷикро бисёр сахт карда, ҳазорҳо тоҷикистониро бо баҳонаҳои андак аз Русия ихроҷ карданд.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон ва мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, маҳз фишорҳои зиёд болои диндорон дар Тоҷикистон, бастани мадрасаҳои исломӣ, манъи ҳиҷобу риш ва мамнуъ кардани ҷавонони то 18-сола аз рафтан ба масҷид сабаб шуда, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

БОЗГАШТИ ҲАЗОРҲО ҶАНГҶӮ БА ТОҶИКИСТОН ЧӢ ПАЁМАДҲОЕ ХОҲАД ДОШТ?

Чанд созмони мофиёии Колумбиёву Мексик аъзои худро ба ҷанги Укроин алайҳи Русия фиристодаанд, то таҷрибаи ҷангӣ биомӯзанд.

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.