0.9 C
Dushanbe

Доллар дар банкҳо ёфт намешавад. Тиҷорати он дар дасти кист?

Дар бонкҳои Тоҷикистон дастарсӣ барои харидории асъори хориҷии доллар то ба имрӯз аз мушкилиҳои ҳалнашаванда боқӣ мондааст. Сокинони кишвар наметавонанд аз бонкҳо доллар харидорӣ намоянд, вале бо қурби ғайри расмӣ ва гаронтар аз арзиши муайяншуда (1 доллар 11 сомонӣ) имкони пайдо кардани доллар дар дигар нуқтаҳо будааст.

Дар бонкҳо ба муштариён замоне доллар мефурӯшанд, ки ягон нафар иваз намояд, дар ғайри сурат имкони пайдо кардани он вуҷуд надорад. Аммо мақомот борҳо гуфта буданд, ки мушкилии доллар ҳал шудааст, вале сокинон мегӯянд, ки наметаовнанд, бештар аз 200 доллар аз бонкҳо гиранд, он ҳам баъди навбатпойии тӯлонӣ ва номнавис кардан, ки пас аз ду се рӯз навбаташон мерасад.

Як манбаъ, ки корманди яке аз бонкҳои Тоҷикистон аст, ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт, хариду фурӯши доллар дар Тоҷикистон чанд соли ахир маҳдуд шуда, барои сокинон ба миқдори муайян дода мешуд ва он ҳам хеле камёфт гардида буд, вале баъд аз баста гардидани марзҳо ва эълони қарантинаи умумӣ дар саросари кишварҳои ҷаҳон, доллар боз камёфтар гардид.

Ҳоло ин мавзӯъ яке аз мушклиҳои асосии мардум, ба хусус тоҷирон гардидааст, ки онро дастрас карда наметавонанд. Агарчи ин масъала дар худи Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза мавридӣ баррасӣ қарор дорад, вале коре карда наметавонанд.

Вале дар бархе бонкҳо доллар ҳаст онро танҳо ба одамони худашон мефурӯшанд, вақте сокинон муроҷиат мекунанд, мегӯянд надорем,  зеро қурби расмие, ки бонки миллӣ пешниҳод кардааст, пайдо кардани доллар дар ягонҷо имкон надорад, мегӯяд манбаи мо.

Ӯ дар идома иброз дошт, ки аслан назорат дар бораи қурби асъор ба зиммаи муовини Бонки милли Нуралиев аст, ки ҳамаро ӯ назорат мекунад, вале дида мешавад, ки Нуралиев низ наметавонад, ки вазифаи дар пешаш бударо хуб анҷом диҳад.

Як манбаи дигар низ ба “Аздо тв” гуфт, тӯли се рӯз аст, ки наметавонад, доллар пайдо намояд, зеро фарзандаш, ки дар хориҷа таҳсил дорад, ба ӯ маблағ лозим аст, ба бонкҳо меравад сомонӣ қабул намекунанд, мегӯянд, доллар надорем.

Дар бонкҳо низ бе шинос ҳеҷ коре карда намешавад, агар шинос ё одамат бошад, бо қурби ғайри расмӣ 1 долларро бар ивази 11 сомонӣ метавонӣ ба даст орӣ, ба одамони бегона ба 11 сомонӣ ҳам намедиҳанд, мегӯяд манбаи мо.

Бонки милли Тоҷикистон як долларро бо арзиши 10.3285 муқарра кардааст, ки бо ин нарх пайдо кардани он имкон надорад.  Аммо як манбаи дигар аз яке бонкҳои Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани ҷойи кор ва  номаш ба  “азда тв” гуфт.  Бе иҷозаи бонки миллӣ фурӯхтани доллар имкон надорад, ҳамарӯза аз бонки миллӣ ҳисобот талаб мекунанд, ки чанд қадар доллар фурухтед ва чанд қадар харидорӣ кардед?

Акс: Ховар

Барои мо маҳдудият ҷорӣ кардаанд, аслан долларҳоро худи маъмурияти Бонки милли ҳалу фасл мекунанд, маблағҳое, ки аз ширкати нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ ба даст меояд, онро доллар карда ба хориҷ раовн мекунанд, мегӯяд манбаи мо.

Ба ҳамин хотир дар Тоҷикистон доллар камчин  ва барои бонкҳо лимит кардаанд. Ба гуфтаи аксари огоҳони умур идораи роҳи Душанбе – Чаноқ ба ширкати IRS, ки гуфта мешавад соҳибаш домоди Э,Раҳмон ва муовини раиси БМТ Ҷамоллиддин Нуралиев аст, таалуқ дорад.

Баъда аз баста гардидани саррофиҳо дар кишвар ва маҳдуд сохтани фурӯхтани он аз тарафи Боники миллии Тоҷикистон якбора доллар камёфт гардид ва арзиши он низ дар баробари пули миллӣ хеле боло рафт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Сурия чӣ мегузарад? Ва авзоъ дар Ғазза чӣ гуна аст?

Мухолифони мусаллаҳи Башшор Асад шоми рӯзи 5-уми декабр эълон карданд, ки шаҳри Ҳамои Сурияро аз дасти нерӯҳои Башшор озод карданд.

Интиқоди Раҳмонов аз додрасҳои таъйинкардааш

Президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии ахираш кори низоми додгоҳии кишварро интиқод кард.

Мушкилоти беобӣ дар Бохтар ва Данғара ҳал мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон аз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои беҳтар намудани низоми обтаъминкунӣ дар кишвар грант дарёфт кард.

Кунгураи Амрико: COVID-19 вабои табиӣ набуд

Палатаи қонунгузорони Кунгураи Амрико пас аз таҳқиқи дусола дар бораи пайдоиши вабои COVID-19 дар ҳаҷми 520 саҳифа гузориш таҳия кардааст.