23.9 C
Dushanbe

Доналд Трамп Кохи Сафедро тарк мекунад?

Мушовири амнияти миллии ИМА Роберт О’Брайен бо Доналд Трамп. Сурат: picture-alliance

Пойгоҳи хабаргузории “DW” менависад, ки мушовири амнияти миллии ИМА Роберт О’Брайен изҳор дошта, ки дар сурати тасдиқ шудани пирӯзии Байден интиқоли қудрат ба сурати расмӣ ва осоишта анҷом хоҳад гирифт.

О’Брайен инчунин аз Ҷо Байден ва тими ӯ, ҳамчун тими ҳирфаӣ ва кордон, ки қаблан дар Кохи Сафед таҷрибаи корро доранд, тавсиф кард. Бо вуҷуди гузашти ду ҳафта аз интихоботи президентии ИМА, Доналд Трамп ҳанӯз ҳам худро барандаи интихобот медонад ва шикастро пазируфтанӣ нест.

Ин дар ҳолест, ки шуморе аз наздикон ва ҳамкорони ӯ  бар ин боваранд, ки Трамп ногузир натоиҷи интихоботро хоҳад пазируфт. Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Роберт О’Брайен дар ҳамоиши “Амнияти ҷаҳонӣ” дар бораи интиқоли расмӣ ва тарҳрезишудаи қудрат ва давлати ҷадид сухан гуфтааст.

Гуфта мешавад, ки ҳатто агар Трамп шикастро напазирад ҳам, интиқоли қудрат ба тими Байден дар Кохи Сафед ба сурати оромона анҷом мегирад.

Дар суханронии худ О’Брайен таъкид кард, ки интиқоли расмии қудрат ба Байден аз эълони расмии натиҷаҳои интихобот вобаста хоҳад буд. Вай ҳанӯз пирӯзии Байденро дар интихобот қатъӣ намедонад.

Аммо аз рӯи натиҷаҳои эълоншуда, Ҷо Байден ошкоро маъракаи интихоботи президентиро ба фоидаи худ хондааст.

Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед изҳор доштааст, ки интиқоли расмии қудрат замоне кафолат дода мешавад, ки агар шикоятҳои додгоҳии тими Трамп натиҷа надиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ нишасти Кумитаи амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена баргузор гардид.

Оғози амалиёти “Нелегал” дар Челябинск

Дар вилояти Челябински Федератсияи Русия "рейд"-и муҳоҷирон бо номи амалиёти "Нелегал" оғоз ёфтааст.

Танишҳо байни Исроилу Эрон шиддат мегирад. Ҷанг ба куҷо мекашонад?

Бо оғози шашумин рӯзи ҳамлаҳои артиши Исроил ба Эрон раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Хоманаӣ бо нашри паёме гуфт, ба Исроил "посухи қавӣ" хоҳад дод.

Мақомот нуҳ сокини маҳаллаи “Дарвоз”-ро равонаи зиндон кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нуҳ сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳомҳои ифротгароӣ равонаи зиндон кард.