Як донишҷӯи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз тарафи шахсони номаълум кушта шудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд наворе паҳн шудааст, ки дар онҳо зане гирякунон иддао мекунад, писараш, ки донишҷӯи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар буд, кушта шудааст.
Ин модар дар наворҳо мегӯяд, ки бо умед ягона писарашро ба ин донишкада дохил кардааст, то дар оянда дастгири хонавода бошаду дар мақомҳои баланд кор кунад, аммо бовар надошт, ки ӯро “хала”, яъне корд мезананду маҷбураш мекунанд, ки гӯяд “худам худамро бо корд задам”.
Ба нақли ин модар, рӯзи 28-ум (маълум нест кадом моҳ) вақте дар ҷойи кораш – беморхонаи сили Кӯлоб буд, ба ӯ муаллиме бо номи Муҳибулло занг мезанад ва мегӯяд, ки биёяд ва ӯ ба Душанбе меравад.
Дар идома ин модар бо гиря мегӯяд, ки вақте соати 4-5 ба Донишкадаи ҳарбӣ мерасад, писараш ӯро бо чашмони пур аз об сахт ба оғуш мегираду мегӯяд, ки “оча ёдат кардам”. Ин модар, ки дар наздашон ду муаллим буд аз писараш мепурсад, ки “бачам тенҷӣ асту бо касе ҷанг кардӣ?” Аммо ин донишҷӯ мегӯяд, ки на. Яке аз ин муаллимон ба ин модар гуфтааст, ки бачаат сахт дӯстат медоштаасту як гуноҳ кардааст, аммо нагуфтааст чӣ гуноҳе.
Пас аз ин модар писарашро гирифта ба хона меораду пас аз ду рӯз дубора аз ӯ мепурсад, ки оё воқеан худаш худро корд задааст? Ӯ мегиряду мегӯяд, ки “Оча, агар ман ҳама чизро гӯям, Шумо мераведу ҷанг мекунед, намегӯям”. Аммо модар гуфтааст, ки не бигӯ, ки боз бурда чизеро ба сарат наоранд ва ба иддаои модар, ки чунин ҳам шудааст.
Ин зан дар идомаи суҳбаташ, ки пароканда аст, илова мекунад, ки писараш рӯзи 1-уми ноябри соли ҷорӣ ба хонаи бибии падариаш ба шаҳри Душанбе меравад ва дигар ба зангҳо ҷавоб намедиҳад. Ӯ ба хешовандон телефон карда аз писараш пурсон мешавад ва онҳо хабар доданд, ки “сумкаи”-и писараш дар хона аст, вале худи ӯ нест. Ба гуфтаи модар, вақте ба писараш пайи ҳам занг зад, ӯ ҷавоб додааст, ки дар наздикии хонаи бибияш аст, вале баъд аз он тамос қатъ шудааст.
Ва рӯзи 2-юми ноябр, ба гуфтаи модар, ба онҳо хабар доданд, ки ҷасади писарашро дар маҳаллаи 32-уми шаҳри Душанбе пайдо кардаанд ва онҳо рафта ҷасадро аз “морг” мегиранду оварда дар шаҳри Кӯлоб дафн мекунанд.
Ба гуфтаи ин зан, ба хонавода чанд фарзия пешниҳод карданд, ки гӯё писар худкушӣ кардааст ва дору хурдааст ё аз баландие «паридааст», аммо модар ин фарзияҳоро рад мекунад ва исрор меварзад, ки писарашро куштаанд ва талаб дорад, ки дубора қабри писарашро кананду озмоиш гузаронанд.
Дар яке аз видеоҳо ӯ либоси писарашро ҳам нишон медиҳаду мегӯяд, ки писарашро дар замин кашида-кашида куштаанд ва либосҳо пур аз хоку чанг ва баъзе ҷойҳояш канда шудаанд.
Ҳамчунин ин модар, ки писарашро аз даст додааст, ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуда, хостааст, ки дар тафтиши қазия дахолат карда, қотлони писараш ва онҳоеро, ки ӯро маҷбур кардаанд, ки то бигӯяд “худам худам”-ро корд задам, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин ҳодиса чизе нагуфтаанд ва маълум нест, корд задани ин ҷавон дар Донишкадаи ҳарбӣ ва кушта шуданаш дар кӯча то куҷо бо ҳам рабт доранд. Ба Azda.tv ҳам муяссар нашуда, ки ҷузъиёти дигари ҳодисаро дарёфт кунад, аммо бо пайдо шудани он хабар такмил мешавад.
Бояд гуфт, бадрафторӣ бо сарбозон дар қисмҳои низомӣ, ки боиси фирори ҷавонон аз хидмат ва марги сарбозон ҳам гаштааст, борҳо расонаӣ шуда буд, аммо дар чанд соли охир ин бори аввал аст, ки аз корд задани ҷавоне дар Донишкадаи ҳарбӣ ва марги нобаҳангомаш дар кӯчаҳои пойтахт расонаӣ мешавад.
