Як донишҷӯи узбектабори Афғонистон иддао карда, ки ӯро вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ба хотири доштани тоқӣ ё ҳамон кӯлоҳи суннатӣ ба рӯяш шаппотӣ задааст.
Ин донишҷӯ бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, ӯ донишҷӯи Донишгоҳи Кобул аст ва аз ҷониби вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон Нидо Муҳамад Надим мавриди латтукӯб қарор гирифтааст.
Тибқи гузоришҳо, ҳодиса рӯзи чоршанбеи гузашта дар саҳни донишгоҳ замоне иттифоқ афтодааст, ки донишҷӯён машғули корҳои тозакорӣ будаанд. Ба гуфтаи донишҷӯ, вазир пас аз дидани тоқии суннатии узбекӣ дар сари ӯ, ин либосро “рамзи сиёсӣ” арзёбӣ кардааст.
Донишҷӯ дар посух гуфтааст, ки ин кӯлоҳ ҷузъи фарҳанги миллии узбекҳо буда, ӯ аз кӯдакӣ онро мепӯшад. Аммо ба иддаои ӯ, вазир кӯлоҳро аз сараш гирифта, ба замин партофта ва сипас ба рӯи ӯ як шаппотӣ задааст.
Ин донишҷӯ иддао мекунад, ки баъд аз ин ҳодиса, бархе аз донишҷӯён мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, эҳтимолан бо маҳдудиятҳо дар идомаи таҳсил рӯбарӯ шудаанд. То ҳол мақомоти Толибон расман ба ин қазия вокуниш нишон надодаанд.
Ин ҳодиса дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки давоми чанд солҳои ахир масъалаи маҳдудиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон зери ҳукумати Толибон борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст.
Бояд зикр кард, ки аз замони бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021, духтарон ва занон аз ҳуқуқи таҳсил дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳо маҳрум шудаанд. Ин қарор бо вокунишҳои густурдаи байналмилалӣ рӯбарӯ гардида, то кунун тағйири ҷиддӣ дар ин самт ба мушоҳида намерасад.
