Вазири дифои Тоҷикистон ҳамлаҳо бар Эронро маҳкум кард

Вазири дифои Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ бо сарпарасти Вазорати дифои Эрон масоили вобаста ба вазъияти ахири минтақаро баррасӣ кард.

Дар ҷараёни ин суҳбат, ҷониби Эрон барои мавқеи сиёсӣ ва кумакҳои башардӯстонаи Душанбе изҳори сипос намудааст. Дар навбати худ вазири мудофеаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода бар аҳамияти сулҳу суботи воқеӣ барои кишварҳои минтақа, бахусус мардумони ҳамзабон ва дорои фарҳанги муштарак таъкид кард.

Ҳамзамон сарпарасти Вазорати дифои Эрон бо вазири дифои Покистон низ гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ин суҳбат зарурати тақвияти ҳамкорӣ барои таъмини сулҳ ва суботи минтақавӣ таъкид гардида, ҷониби Покистон ба мардуми Эрон ҳамдардӣ изҳор намуда, муқовимати онҳоро ситоиш кард.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ва ИМА ба Эронро маҳкум намуда, ҷонибдори ҳалли масъала тавассути роҳҳои дипломатӣ шуда буд. Инчунин Тоҷикистон дар оғози ин ҳамлаҳо ба Эрон кумакҳои башардӯстона ирсол намуд. Бар асоси маълумот, 110 мошини боркаш бо ҳаҷми умумии 3610 тонна маводи ниёзи аввал ба ин кишвар фиристода шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.