31.9 C
Dushanbe

Донишҷӯёни овора, на дар Душанбе роҳ ёфтанд ва на дар Бишкек

Як гурӯҳ аз донишҷӯёни тоҷик рӯзи 20-уми сентябр дар назди сафорати Қирғизистон дар Душанбе ҷамъ омада, талаб карданд, ки ба онҳо иҷозат диҳанд барои иодмаи таҳсил ба ин кишвари ҳамсоя сафар кунанд. Аммо дар сафорат гуфтаанд, ки аз дасти онҳо коре сохта нест.

Акс аз навори гузориши Радиои Озодӣ

Яке аз нафарони ҷамъомада донишҷӯи соли 5-уми Дошингоҳи тиббии Қирғизистон буда, баҳори имсол ба Тоҷикистон омад, вале дигар натавонист барои идомаи таҳсил ба ҷояи таҳсилаш баргардад.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, донишҷӯёни ҷамъомада дар назди сафорат аз он шикоят кардаанд, ки касе омода нест мушкилоти онҳоро ҳал кунад. Онҳо ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба сафорати Қирғизистон дар Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбута муроҷиат кардаанд, вале мушкилашон ҳал нашуд.

Пеш аз ин ба онҳо тавсия шуда буд, ки метавонанд барои идомаи таҳсил дар дохили кишвар аз рӯи ихтисосҳояшон ба донишгоҳҳо шомил шаванд ва таҳсилро идома диҳанд. Аммо ин донишҷӯён гуфтаанд, ба донишгоҳҳо муроҷиат карданд, ба онҳо гуфтанд, ки ҷой нест.

“Ба Донишгоҳи тиббӣ рафтем, қабул накарда, гуфтанд, ҷой аллакай пур шудааст. Дар Донишгоҳи тиббии Данғара 32-33 нафар дохил шуданд, гуфтанд, ки студент пур шудааст, мо қабул карда наметавонем.”, гуфт як донишҷӯ бо номи Машрафи Муҳаммадюсуф ба Радиои Озодӣ.

Донишҷӯёни саргардони хавфи онро доранд, ки муддати таҳсилашон дар Донишгоҳҳои Қирғизистон кам мондааст ва агар сари вақт ба макони таҳсилашон нараванд, заҳматҳои чандсолаашон барбод меравад.

Ёдовар мешавем, ки Қирғизистон пас аз даргириҳои хунини охири моҳи апрел марзҳояшро яктарафа бо Тоҷикистон баст ва эълон кард, ки то ҳал шудани мушкилоти марзӣ марзҳояш бар рӯи тоҷикистониён баста мемонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ аз боздошти нафаре хабар дод, ки дар қаллобӣ ва азхудкунии пулҳои мардум бо роҳи фиреб муттаҳам мешавад.

Ҳушдори Белорус ба Ғарб: Хатти сурхро убур накунед!

Як мақомдори баландпояи низомии Белорус пас аз ҷобаҷакунии силоҳҳои ҳастаии Русия дар хоки ин кишвар ба Ғарб ҳушдор дод, ки хатти сурхро убуб накунанд.

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.