Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон


Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бино ба таҳқиқоти нави Бунёди мубориза бо коррупсия “ФБК”, духтари вакил Арина Азимова соли 2024 дар шаҳраки “Береста”, воқеъ дар соҳили дарёи Москва, хонае бо масоҳати 595 метри мураббаъ харидорӣ кардааст, ки дар ҳамсоягии он, писари вакил Азиз Азимов низ соҳиби хонаи дигаре бо масоҳати зиёда аз 1100 метри мураббаъ мебошад.

Илова бар ин, Арина Азимова соҳиби ду манзил бо масоҳати умумии 348 метри мураббаъ дар маҷмааи истиқоматии “Поклонная 9” дар хиёбони Кутузов аст, ки тақрибан 400 миллион рубл арзиш доранд. Азиз Азимов низ, тибқи таҳқиқоти ФБК, соҳиби манзили 153-метрии мураббаъ дар яке аз гаронтарин маҷмааҳои истиқоматии Маскав — “Бунин” мебошад, ки арзиши он тақрибан 500 миллион рубл мебошад.

Дар айни замон, тавре ФБК қайд мекунад, дар эъломияи расмии худи Раҳим Азимов аз амвол танҳо як гаражи 46-метрии мураббаъ зикр шудааст, ки ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот сабти амволи гаронарзиш ба номи фарзандони болиғ ва дигар наздикон имкон медиҳад, ки чунин дороиҳо дар эъломияи вакил инъикос нашаванд.

Дар таҳқиқот ҳамчунин гуфта мешавад, ки як қаср дар минтақаи Рублёво-Успенское ба номи ҳамсари вакил, як манзил дар Дубай ба номи бародараш ва ҳамчунин чанд амволи дигар ба номи зане сабт шудаанд, ки гӯё Раҳим Азимов борҳо ҳамроҳи ӯ ба хориҷ аз кишвар сафар кардааст.

Ҳамчунин, ФБК мегӯяд, ки Раҳим Азимов мунтазам аз ҳавопаймоҳои хусусии миллиардери рус Дмитрий Мазепин, соҳиби ширкати «Уралхим», истифода мекардааст. Пеш аз ворид шудан ба сиёсат, Азимов дар сохторҳои ҳамин ширкат фаъолият мекард.

Муаллифони таҳқиқот ҳамчунин таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди тақрибан даҳ сол намояндагӣ кардани вилояти Киров дар Думаи давлатӣ, қисми зиёди роҳҳои ин минтақа то ҳол ба меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгӯ нестанд. Ба гуфтаи ФБК, ҳоло Раҳим Азимов қасд дорад дар интихоботи навбатии Дума аз вилояти Москва номзад шавад.

То замони нашри ин хабар, Раҳим Азимов ва намояндагони ӯ ба натиҷаҳои таҳқиқоти ФБК вокунише накардаанд.

Гуфта мешавад, Раҳим Азимов 16-уми августи соли 1964 дар шаҳри Шӯроби Исфараи Тоҷикистон ба дунё омада, донишкадаи кӯҳкории Ленинград ва баъдан Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русияро хатм карда, соҳиби унвони доктори илмҳои техникӣ мебошад.

Азимов солҳои гуногун дар сохторҳои Ҷумҳурии Комӣ, Шӯрои Федератсияи Русия, Хадамоти федералии назорати маводи мухаддир, корпоратсияи давлатии “Ростехнология” ва ширкати “Уралхим” фаъолият кардааст. Дар интихоботи президентии Русия соли 2000 ӯ шахси боэътимоди Владимир Путин буд.

Соли 2015 вакили Маҷлиси қонунгузории вилояти Киров интихоб шуда, аз соли 2016 инҷониб аз ҳизби “Единая Россия” намояндаи вилояти Киров дар Думаи давлатии Русия мебошад. Ҳоло муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва мубориза бо коррупсия мебошад.

Нашри ин таҳқиқот дар ҳолест, ки солҳои охир номи чандин мансабдор ва шахсони бонуфузи зода ё вобаста ба Тоҷикистон низ дар таҳқиқотҳои байналмилалӣ зикр мешавад. Аз ҷумла, чанде пеш OCCRP ва Azda.tv дар бораи амволи гаронарзиши ҳамсар ва духтари сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, манзили боҳашамати набераи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Дубай, ки ба номи ӯ дар синни 9-солагӣ сабт шудааст, инчунин амволи раиси Интерполи Тоҷикистон Шаҳриёр Назриев чанд таҳқиқот нашр карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.

Як мақомдори баландпояи шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора боздошт шуд

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми зиёд боздошт шуд.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Лаҳистон: Ӯро то 28 соли зиндон таҳдид мекунад

Додситонии шаҳри Жешуви Лаҳистон алайҳи як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, онро ба додгоҳ ирсол кардааст.