Ду генерали милитсия, ки бо интиқоди расиҷумҳур аз вазифаҳояшон ронда шуда буданд, ба вазифаҳои нав таъйин гардиданд.
Фотеҳ Қунғуротзода ва Файзулло Нозимзода, сардорони пешини ШКД-и Кӯлоб ва Раёсати корҳои дохилии Хатлон пас аз як соли интиқоди раисҷумҳур ва ронда шуданашон аз ВКД, боз вазифаҳои нав гирифтаанд.
Тибқи қарорҳои Эмомалӣ Раҳмон аз 22-юми апрели соли ҷорӣ, генерал Қунғуротзода муовини якуми сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва генерал Нозимзода муовини сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД таъйин гаштаанд.
Ёдовар мешавем, ин ду мақомдор пас аз як интиқоди худи раисҷумҳур дар ҷаласаи Шӯрои амният, ки рӯзи 17-уми январ баргузор шуда буд, дар баробари раҳбарони прокуратура, Ожонсии зидди фасод, КДАМ ва ВКД-и вилояти Хатлон аз вазифаҳояшон ронда шуда буданд.
Худи Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷаласа иқрор шуда буд, ки дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар иловаи рушди фасоду ришва, террористу экстремистон ҳам афзоиш ёфтааст ва ӯ вуҷуди чунин ҷинояткоронро дар байни мақомоти баланди кишвар ба “сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва қабули шахсони тасодуфӣ” рабт дода буд.
Инчунин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар низ дар нишасти матбуотие гуфт, ки ин афрод барои камбудҳо аз мансаб барканор шуда, дигар дар ин сохтор кор намекунанд.
Маълум нест, ки чаро ин афроди ба қавли худи Эмомалӣ Раҳмон “бемасъулият” бори дигар бо қарори худи ӯ ба вазифаҳои калидии ВКД таъйин гаштаанд.
Вале, ба гуфтаи коршиносон, чунин ҳолат бори аввал нест, ки дар кишвар рух медиҳад. Ҳабибулло Воҳидзода, ки чанде пеш Додситони кул таъйин гардид, дар аввали соли 2015, баъд аз интиқод сахти Раҳмонов дар ҷаласаи Шӯрои амният аз мақом барканор ва чанде баъд боз ба ҳайси додситони вилояти Суғд (солҳои 2015-2020) ба кораш шуруъ карда буд.
Гуфта мешавад, тибқи қарорҳои нави Раҳмонов сардорони 18 шуъбаи корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар Ҳисору Ваҳдат, Конибодому Данғара ва Фирдавсиву Шоҳмансур низ иваз шуда, полковник Илҳомиддин Вализода, то ин дам сардори ШКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин гаштааст.
Коршиносон ин тағйиротҳоро танҳо ҷойивазкунӣ меноманд, чун аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд. Ва барои Эмомалӣ Раҳмон меъёр дар интихоби кадрҳо бештар маҳал, шиносоӣ ва наздик будан ба хонавода аст.