24.9 C
Dushanbe

Ду хабарнигори Радиои Озодиро дар Душанбе лату кӯб карданд

Ду хабарнигори Радиои Озодӣ, Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдуллоева ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳадафи ҳамла ва зарбулат қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ ин ҳодиса рӯзи 4-уми март дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Соро Ойл” дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Ин ҳодиса вақте рух додааст, ки хабарнигорон назари як ронандаро барои гарон шудани нархи газу бензин мепурсиданд. Гуфта мешавад, вақти суҳбат бо ронанда як корманди ширкати “Соро Ойл” наворбардор Шаҳло Абдуллоеваро базарб тела дода, пеши роҳи дурбини видеоро гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Муллораҷаб Юсуфӣ хоста, ки аз ин амалкард эътироз намуда, саҳнаро бо телефон ба навор гирад, ин мард ба Муллораҷаб ҳамла намуда ба ҷоғи ӯ бо мушт задааст.

Ин корманди нуқтаи сӯзишворӣ гуфтааст, ки бе ризояти роҳбарият хабанигорон ҳақ надоранд, идораи онҳо ва назарашонро ба навор гиранд.

Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори “Озодӣ”. Сурат: Asia-Plus

Муллораҷаб Юсуфӣ мегӯяд: “дар аввал мо низ гапи ӯро пазируфтем ва нуқтаи сӯзишвориро ба навор нагирифтем. Чанд ронанда дар наздикии он буданд ва аз гаронии нархи бензин шикоят доштанд. Мехостем, бо онҳо суҳбат кунем, ки монеи мо шуданд. Мард ба ронанда низ хитоб кард, ки “мошинатро аз инҷо бар”.

Баъди ин ҳодиса Муллораҷаб Юсуфӣ ба духтур муроҷиат намудааст. Ташхис муайян намуда, ки хабарнигор аз ноҳияи чапи рӯй осеб дидааст. Ҳамчунин пизишкон ба ӯ дастур додаанд, ки “бояд ду ҳафта табобат гирад”.

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай ҳамла ба ду хабарнигори бахши тоҷикии ин радиоро дар Душанбе маҳкум намуда, хостааст то пулиси Тоҷикистон ҳодисаро пурра тафтиш кунад ва замонат диҳад, ки ҳаққи хабарнигорон барои гузориш додани ошкоро ва бидуни монеа ҳоло ва дар оянда риоят шавад.

Дар ҳамин ҳол “Asia Plus” бо такя ба РВКД-и шаҳри Душанбе аз боздошти нафари ҳамланамуда хабар дод.

Дар суҳбат бо “Asia-Plus” пулиси шаҳри Душанбе гуфт, ки “тафтишот мунтазири хулосаи тиббиест, ки имрӯз бояд рӯзноманигорони Радиои Озодӣ пешниҳод кунанд. Баъди омӯзиши хулоса тасмими ниҳоӣ гирифта мешавад. Нафари ҳуҷумкунанда боздошт шудааст ва ҳоло дар ШВКД ноҳияи Сино дар ҳабс қарор дорад”. Пулис аз ошкор намудани шахсияти боздоштшуда худдорӣ намуд.

Дар гузашта мавриди ҳамла ва лату кӯб қарор гирифтани хабарнигорон чандин маротиба расонаӣ шуда буд. Далер Шарифов, Ҳикматулло Сайфуллозода, Раҷаб Мирзо, Маҳмадалӣ Ҳаит ва чандин рӯзноманигори дигар дар Тоҷикистон мавриди ҳамла ва лату кӯб қарор гирифта буданд, ки бо гузашти солҳо омилони ҳамла муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд. Ҳамчунин соли гузашта Абдулло Ғурбатӣ ду маротиба мавриди ҳамла қарор гирифт, ки омилони ҳамлаи бори аввал то ҳол ошкор нашудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.