Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми калон боздошт шуданд.
Тибқи иттилоъ, яке аз онҳо марди 61-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии як сокини ноҳияи Мастчоҳ даромадааст. Ӯ бо баҳонаи харидории нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафту газ аз ӯ 1 миллион доллари амрикоӣ гирифта, маблағро ба номи писараш расмӣ гузарондааст. Аммо то имрӯз ин маблағро барнагардондааст ва ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Ҳамзамон дар шаҳри Хуҷанд як марди 36-солаи дигар низ бо чунин иттиҳом дастгир гардидааст. Бино ба маълумоти ВКД, вай дар давоми моҳи август аз як ҳамшаҳриаш 300 ҳазор доллари амрикоиро бо баҳонаи ворид кардани масолеҳи сохтмонии “арматура” аз Русия гирифтааст. Ваъда дода буд, ки маблағро дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо ин корро анҷом надодааст.
Мақомот нисбати ҳар ду шахс тибқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, тафтишот идома дорад.
Қаллобӣ яке аз ҷиноятҳои маъмул ва паҳншуда дар Тоҷикистон мебошад. Коршиносон таъкид мекунанд, ки шаҳрвандон бояд ҳангоми муомилоти пулӣ ва сармоягузорӣ хеле эҳтиёткор бошанд, аз ҷумла ҳангоми бастани шартномаҳо, харидорӣ ва ё додани маблағ ба шахсони номаълум, то аз сар задани қаллобӣ пешгирӣ кунанд.