Хабар
УМУМӢ
Ду оила аз консерваи бодиринг заҳролуд шудаанд
Акс: Интернет Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба сабаби истеъмоли консерваи бодиринг ва помидор 11 нафар узви ду оила аз деҳаи Меҳргони ҷамоати И.Шарипов заҳролуд гардидаанд, 9 нафари онҳо фавран дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд. Дар хабар гуфта шудааст, ки рӯзи 1-уми ноябр як нафари онҳо, ки […]
Акс: Интернет
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба сабаби истеъмоли консерваи бодиринг ва помидор 11 нафар узви ду оила аз деҳаи Меҳргони ҷамоати И.Шарипов заҳролуд гардидаанд, 9 нафари онҳо фавран дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд.
Дар хабар гуфта шудааст, ки рӯзи 1-уми ноябр як нафари онҳо, ки 23 сол дошт, даргузаштааст.
“Ҳолати се нафари дигар аз заҳролудшудагон, ки аз 15 то 47 сол доранд, вазнин арзёбӣ гардидааст. Вазъи саломатии 5 нафари дигар хубтар гардида ва ҳоло ҳамаи онҳо дар беморхона бистарӣ буда табобат мегиранд”, – омадааст дар хабар.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар муроҷиат намудааст, ки вақти омода намудани консервҳои мевагӣ талош кунанд қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.