31.9 C
Dushanbe

Ду оила аз консерваи бодиринг заҳролуд шудаанд

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба сабаби истеъмоли консерваи бодиринг ва помидор 11 нафар узви ду оила аз деҳаи Меҳргони ҷамоати И.Шарипов заҳролуд гардидаанд, 9 нафари онҳо фавран дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд.

Дар хабар гуфта шудааст, ки рӯзи 1-уми ноябр як нафари онҳо, ки 23 сол дошт, даргузаштааст.

“Ҳолати се нафари дигар аз заҳролудшудагон, ки аз 15 то 47 сол доранд, вазнин арзёбӣ гардидааст. Вазъи саломатии 5 нафари дигар хубтар гардида ва ҳоло ҳамаи онҳо дар беморхона бистарӣ буда табобат мегиранд”, – омадааст дар хабар.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар муроҷиат намудааст, ки вақти омода намудани консервҳои мевагӣ талош кунанд қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳушдори Белорус ба Ғарб: Хатти сурхро убур накунед!

Як мақомдори баландпояи низомии Белорус пас аз ҷобаҷакунии силоҳҳои ҳастаии Русия дар хоки ин кишвар ба Ғарб ҳушдор дод, ки хатти сурхро убуб накунанд.

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.