26.9 C
Dushanbe

Samsung ҳамкорӣ бо Русияро қатъ кард ва ба Украина ваъдаи кумак дод

Ширкати бонуфузи электронии Samsung пас аз қатъи фаъолияташ дар бозорҳои Русия ваъда дода, ки ба Украина $6 миллион доллар кумаки башардӯстона ҷудо кардааст.

Jong-Hee Han, муовини ҳайъати мудирони ширкати Samsung

Муовини ҳайъати мудирони ширкати Samsung Ҷонг-Ҳи Ҳан (Jong-Hee Han) рӯзи чоршанбе хабар дод, ки ин ширкат дар натиҷаи буҳрони Украина ирсоли маҳсулоти электронии худро ба бозори Русия қатъ кардааст.

Муовини ин ширкати бонуфузи электронӣ рӯзи чоршанбе дар нишасте бо саҳомони ширкат гуфт, ки бо назардошти вазъи ноором дар Украина ва афзоиши кушташудагону оворагони ин кишвар, “ширкати мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пуштибонӣ аз Украина ҳамроҳ шуда барои кумаки башардӯстона ба ин кишвари ҷангзада 6 миллион доллар ҷудо кард”.

Ҷаноби Ҳан ҳамчунин афзуда, ки масъулони ширкат масъалаи расонидани кумаки башардӯстонаи изофӣ ба украинҳоро баррасӣ доранд.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори таваққуфи ҷанг шуд, аммо Русия иддао дорад то расидан ба аҳдофи худ дар Украина ҷангро идома медиҳад. Кишварҳои ғарбӣ ва Амрико ба хотири пешгирӣ аз идомаи ҷанг алайҳи Русия таҳримҳои шадидеро ҷорӣ карданд, ки дар пасманзари ин таҳримҳо даҳҳо ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ низ аз бозори Русия канор рафтанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали...

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се...

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии...

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки "дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт"-и...